Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Шанҳай бо эъломияи муштараки Чин, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба поён расид



Мирзонабии Холиқзод

Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанҳай бо имзои эъломияи Шанҳай дар масъалаи таъсиси гуруҳи зудамали минтақавӣ, бо ситоди он дар Бишкек, ба созиш расиданд.

Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанҳай бо имзои эъломияи Шанҳай дар масъалаи таъсиси гуруҳи зудамали минтақавӣ, бо ситоди он дар Бишкек, ба созиш расиданд. Ин нукта дар эъломияи ниҳоии созмон зикр гардид, ки дар рузи охирини нишасти Шанҳай аз ҷониби кишварҳои узви он, Чин, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба имзо расид. Созмон Узбакистонро узви "комилҳуқуқ" эълон кард. Намояндаи Руссия гуфт, ки қабули кишварҳои дигар ба ин наздикӣ баррасӣ нахоҳад шуд. Ин созмон соли 1996 ба хотири ҳалли баҳси марзӣ Чин бо Шуравии собиқ таъсис ёфта буд.

XS
SM
MD
LG