Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду гаравгони ҳукуматӣ аз дасти гурӯҳи Раҳмон Сангинов фирор кард



Соҷидаи Мирзо

Хабаргузори Радиои Озодӣ ин гуфтаҳои фармондеҳи собиқи опозитсиюн Раҳмон Сангиновро иқтибос мекунад, ки ду нафар аз гаравгонҳои ҳукуматӣ аз дасти ин гурӯҳ фирор кардаанд.

Хабаргузори Радиои Озодӣ ин гуфтаҳои фармондеҳи собиқи опозитсиюн Раҳмон Сангиновро иқтибос мекунад, ки ду нафар аз гаравгонҳои ҳукуматӣ аз дасти ин гурӯҳ фирор кардаанд. Раҳмон Сангинов дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ илова кардааст, ки то кунун ҳукумат барои мубодилаи гаравгонҳо бо маҳбусони тарафдори собиқ оппозитсиюн ягон кӯшиш накардаст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов дирӯз дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ду нафар аз гаравонҳо ба Душанбе бозгаштанд ва мубориза барои озодии бақия идома дорад. Маълум нест, ки ду нафари озодшуда фирор кардаанд ва ё гурӯҳи Сангинов воқеъан ба онҳо ҷавоб додаанд.

XS
SM
MD
LG