Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми Шанхай ба Созмони Ҳамкории Шанҳай табдил ёфт



Соҷидаи Мирзо

Созмони Ҳамкории Шанҳай, номи қаблиаш Форуми Шанҳай, узвияти Узбакистонро ба ташкилот расман тасдиқ кард. Раисони ҷумҳури Чин, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин бора изҳороти муштарак пахш намуда Узбакистонро аъзои комилҳуқуқи созмон эълон карданд.

Созмони Ҳамкории Шанҳай, номи қаблиаш Форуми Шанҳай, узвияти Узбакистонро ба ташкилот расман тасдиқ кард. Раисони ҷумҳури Чин, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин бора изҳороти муштарак пахш намуда Узбакистонро аъзои комилҳуқуқи созмон эълон карданд. Вазири хориҷии Руссия Игор Иванов гуфт, ки мавзӯи тасдиқи хоҳишмандони дигар ба наздикӣ баррасӣ хоҳад шуд. Покистон барои ҳамроҳ шудан ба Созмони Ҳамкории Шанҳай таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Аммо дар давоми нишаст пешниҳоде нагирифт. Молдова низ барои шомил шудан ба Созмони Шанҳай хоҳишмандӣ нишон медиҳад. Имрӯз мулоқоти вазирони дифоъ ва хориҷии Созмон ва фардо саммити раисони ҷумҳур баргузор мегардад. Масоили асли тероризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва ҷудоихоҳӣ номбар шудаанд. Сарони давлатҳо изҳороти муштаракеро барои мубориза бо ин гурӯҳҳо имзо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG