Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои гаравгонгирӣ дар 9 километрии пойтахт ҳал ношуда боқӣ мондааст



Раҳматкарими Давлат

Собиқ фармондеҳи Иттиҳоди Мухолифин Раҳмон Сангинов гаравгонгирии беш аз 7 нафар аз нерӯҳои милитсаро тасдиқ карда гуфт, гаравгонҳо ба он шарт озод хоҳанд шуд, ки ҳукумат тарафдорони ҳабсшудаи ӯро ҷавоб диҳад.

Раҳмат Сангинов, як фармондеҳи собиқи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик масъулияти ба гарав бурдани чанд тан кормандони Вазорати Умури Дохилаи Тоҷикистонро бар душ гирифт. Ҳафт нафар кормандони Вазорати Умури Дохила ва ду афсари Вазорати Дифоъи Тоҷикистон баъд аз субҳи 11-уми июн аз як посгоҳ воқеъ дар даромадгоҳи шарқии Душанбе рабуда шудаанд. Сангинов, ки дар 15 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон бо ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард гуфт, дар пайи "таъқибу фишор" ва боздошт шудани ҷонибдоронаш аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар ба ин иқдом даст задааст. Ба гуфтаи Раҳмон Сангинов, бархе аз сарбозони мухолифини пешин дар содир намудани ҷиноят муттаҳам дониста мешаванд ва боздошт гаштаанд, ки ин ҷиноятҳо шомили авфи умумист. Раҳмон Сангинов теъдоди умумии кормандони Вазорати Умури Дохиларо, ки гаравгон гирифтааст, ошкор накард ва фақат гуфт, ки шумори онҳо бештар аз ҳафт нафар мебошад ва то ҷонибдоронаш иборат аз сарбозони собиқи оппозитсиюн аз боздошт озод нагарданд, ин кормандони Вазорати Дохиларо раҳо нахоҳад кард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ин гуна иддаои сарбозони мухолифини пешинро борҳо рад карда ва мегӯянд, ки танҳо афроди ҷудогонае аз шумули мухолифин собиқ гунакор шинохта мешаванд, ки баъд аз эълони авфи умумӣ даст ба ҷиноят заданд ва ё дар амалҳои терористӣ ва тахрибкорӣ, ки ба санади бахшиши умумӣ дохил нестанд саҳм доранд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ ин гуна афрод дар миёни сарбозони собиқФронти Халқӣ ва баъзе низомиҳои ҳукумат низ кам нестанд. Дар чанд ҳафтаи пеш як фармондеҳи милитса ва узви фронти халқии собиқ Диловар Шоҳсафаров ба ҷурми куштори одамон, ки ба авфи эълоншуда ворид набуд ба қатл маҳкум гардид. Аммо Раҳмон Сангинов мегӯяд, ки дархосташро ба ҷониби ҳукумат барои озод намудани ҷонибдоронаш ироа кардааст. Вале аз ҷониби ҳукумат иқдоми барои шурӯи музокира ҷиҳати ҳалли ин қазия сурат нагирифтааст. Муовини вазири Умури Дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин хусус изҳори беитилоъи намуд. Аммо котиби Шӯрои Амнияти Милии кишвар Амирқул Азимов ба хабарнигорон гуфтааст, ки се нафар аз рабудашудагон озод шудаанд ва талошҳо барои озодии чор нафари дигар ҳамчунон идома дорад.

XS
SM
MD
LG