Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Сарварони Осиёи Марказӣ ба ҳуқуқи башар ва озодии матбуот таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд



Соҷидаи Мирзо

Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо (САҲА), вазири хориҷии Руминия Мирчи Ҷоана дар поёни сафари шаш руза ба Осиёи Марказӣ ба Агентии Франса (АФП) изҳор дошт, ки сарварони кишварҳои минтиқа ба масъалаи ҳуқуқи башар, озодии матбуот, эҳтироми қонун ва ҳуқуқу оппозитсиюн таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.



Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо (САҲА), вазири хориҷии Руминия Мирчи Ҷоана дар поёни сафари шаш руза ба Осиёи Марказӣ ба Агентии Франса (АФП) изҳор дошт, ки сарварони кишварҳои минтиқа ба масъалаи ҳуқуқи башар, озодии матбуот, эҳтироми қонун ва ҳуқуқу оппозитсиюн таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ба гуфтаи у, бо бастани даҳони оппозитсиюн мақомоти кишварҳои минтақа риски бо гуруҳҳои ифротии исломӣ гаравидани онҳоро бештар мекунанд, ки феълан дар Осиёи Марказӣ мавҷуданд. Феълан онҳо сарсемавор кумаки байналмилалӣ мепурсанд, то марзҳои худро дар муқобили қочоқи маводи мухаддир мустаҳкам кунанд, ки аз ин кишварҳо ба бозори ғарбу Аврупо интиқол меёбад. Аммо дар масъалаи густариши равандҳои демократӣ аҷала надоранд. Барои намуна вазири хориҷии Туркманистон Ботир Бердиев дар суҳбат бо Мррчи Ҷоана гуфтааст, ки мардуми кишвараш ба демократия омода нест ва аз ин ру танҳо онҳо бештъар ба иқтисодиёт тарҷеҳ медиҳанд. Як сафири аврпуоӣ, ки дар ин сафар Мирҷи Ҷоанаро ҳамроҳӣ мекард, ба Агентии Франса гуфтааст, ҳар вақте, ки бо онҳо дар бораи ҳуқуқи башар суҳбат кунед, масълаи иқтисодиёт ва амниятро пеш меоранд. Мирчи Ҷоана мегуяд, ҳарчанд минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Ғарб қариб сарфи назар мешавад, аммо на танҳо ба хотири аҳамияти стратегӣ, ҳамчунин барои захоири табииаш, амсоли газу нафт, ҳамчунон муҳим боқӣ мемонад. Ба назари Мирчи Ҷоана ҷомеъаи байналмилалӣ бояд ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ нишон диҳад. Мо бояд бигуем, ки мақомоти ин кишварҳо барои боз будани ҷомеъаҳои худ алоқаманӣ нишон намедиҳанд, аммо сармоягузории бештар ва дар ивази он ба самти демокартия равона сохтани онҳо шанси воқеъи аст. Дар робита ба масоили Амнияти Мирчи Ҷоана аз мавҷудияти гуруҳҳои мусаллаҳи исломӣ дар минтақаи Осиёи Мраказӣ ва аз хатари ба ин кишварҳо кучидани ҷанги Афғонистон иҳхори нигаронӣ кард.





XS
SM
MD
LG