Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мехоҳад ҳамкориҳои ҳаставии худро бо Тоҷикистон эҳё кунад



Илҳоми Ҷамолиён, Раҳматкарими Давлат

Аммо маълум нест, Тоҷикистон аз ин иқдом манфиат хоҳад дошт ва ё зиёни сахти зистмуҳитӣ, зеро дар навбати аввал ин ҳамкорӣ аз интиқоли партовҳои радиоактивии Русия ба Тоҷикистон ва коркарди дубораи онҳо дар вилояти Суғд ва гӯронидани пасмондаҳои хатарнок дар қаламрави Тоҷикистон иборат хоҳад буд.

Муовини вазири нирӯи ҳаставии Русия Валентин Иванов дар Хуҷанд бо сарони вилояти Суғд ва раҳбарияти корхонаи "Востокредмет" дидору гуфтушунид дошт. Ин мулоқот дар паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва аз тафсилоти он ба аҳолӣ хабар дода намешавад. Як рӯз баъди ин дидорҳо ҷаноби Иванов дар Душанбе бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов созишномаи ҳамкории Русияву Тоҷикистонро имзо кард, ки низ аз нукоти аслияш маълумоти расмӣ нашр нашудааст. Вале манбаъҳои гуногун мегӯянд, ду ҷониб дар қатори эҳё ва рушди ҳамкориҳо дар пажӯҳишоти илмии ҳаставӣ ҳамчунин аз он ба тавофуқ расиданд, ки партовҳои радиоактивии Русия дар корхонаи "Востокредмет", дар вилояти Суғд аз коркарди дубора гузаранд. Ахиран Русия бо чанд кишвари Аврупои Ғарбӣ созишнома ба имзо расонд, ки партовҳои радиактивии ин мамоликро дар баробари маблағҳои бузург мепазирад. Ба гуфтаи манобеъи русӣ, Маскав қарор аст, аз ин созишномаҳо ба сурати умум 25 миллард доллар даромад ба даст орад. Ба гуфтаи коршиносон, шояд бархе аз ҳамин партовҳо ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Дар поварақи созишномаи дутарафа кӯмаки Русия ба Тоҷикистон дар пешгирӣ аз оқибати фоҷиаҳои зистмуҳитӣ ваъда дода шудааст.

XS
SM
MD
LG