Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳои байнулмилал ба мардуми Афғонистон дар гарави сиёсати Толибҳо



Салими Аюбзод

Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Ҷопон ва кишвару созмонҳои дигар дар Исломобод ҷамъ омаданд, то масъалаи кӯмакҳои башариро ба Афғонистон баррасӣ кунанд.



Дар нишасти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар Исломобод намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар қатори кишварҳои дигар масъалаи кӯмакҳои миёна ва даромуддатро ба мардуми Афғонистон баррасӣ мекунанд. Афғонистон ва таҳримҳои зидди толибҳо дар ҳоли ҳозир ягона мавриди ҳамназарӣ ва ҳамкории Вашингтону Маскав дар сатҳи байнулмилал мебошад. Муовини мушовири Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Клиффорд Бонд рӯзи чоршанбе дар масъалаи дурнамои муносибатҳои Вашингтону Маскав дар Осиёи Марказӣ чунин гуфт: "Дар он ҷое ки манфиатҳои мо мувофиқ меафтанд, дар Афғонитон ва амнияти ин минтақа, мо ҷӯёи ҳамкории фаъол бо Русия хоҳем буд. Дар ҷое ки мо манфиатҳои фарқкунанда дорем, чун сиёсати инержӣ, бо таври ошкоро вориди гуфтугӯ мешавем ва дурнамоҳои гуногунро баррасӣ мекунем. Назари ман ин аст, ки бояд ҳеҷ тараф аз умури ин минтақа берун ронда нашавад." Иёлоти Муттаҳида ва Русия муаллифи таҳримҳои нави Шӯрои амният зидди ҷунбиши Толибони Афғонистонанд. Намояндагони аксари кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон бар инанд, ки сиёсати Толибони ҳоким бар ин мамлакат метавонад, ҳамаи барномаҳои кӯмакиро аз байн барад. Ба гуфтаи онҳо шаройити фаъолияти созмонҳои хайрия дар Афғонистон то рафт мушкилтар мешавад ва ин ҳам дар ҳоле ки садҳо ҳазор нафар аз мардуми афғон ниёзманди чунин кӯмаканд. Онгуна ки райиси Гурӯҳи пуштибонӣ аз Афғонистон, сафири Олмон дар Исломбод Ҳанс-Йоаҳим Даййер гуфт, толибҳо ҳарчӣ бештар бо созмонҳои байнулмилалии мададрасон мухолифати амиқ нишон медиҳанд ва ин ҳол ба бадтар шудани вазъи башарии Афғонистон сабаб мегардад. Милали Муттаҳид рӯзи чоршанбе номаи шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳро нашр кард, ки ошкоро Толибонро танқид карда, аз тарафҳои даргир дастрасии беқайрдушарти кормандони хайрияро ба аҳолии бенаво талаб намудааст. Бо вуҷуди чунин муносибати толибҳо ҷомеъаи ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ мекунад, ки бояд ба мардуми Афғонистон кӯмаки ҳарҷониба расонида шавад. Аз ҷумла Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар як барномаеро рӯзи чоршанбе оғоз кард, ки 6 миллион доллар харҷ дошта, ба зиёда аз ним миллион шаҳрванди осебдидаи Афғонистон мадад мерасонад. Намояндаи ҳукумати Канада дар нишасти Исломобод гуфт, кившараш ба созмонҳои хайрияе, ки дар Афғонистон кор мекунанд, яку ним миллион доллар медиҳад, то ба беҳбуди вазъи занону кӯдакони афғон истифода шавад. Ба сурати умум тахмин меравад, нишасти дурӯзаи кишварҳои мададрасони Афғонистон барномаҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки 260 миллион доллар маблағгузориро талаб мекунанд. Соли гузашта ин кишварҳо ба аҳолии Афғонистон дар ҳаҷми 236 миллион доллар ёрӣ расонда буданд. Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди мухолифаташ ба сиёсати Толибон яке аз донорҳои аслии Афғонистон мебошад. Рӯзи чоршанбе аъзои Кумитаи робитаҳои байнулмилали Палатаи намояндагони Америка бо як овоз фармони толибонро дар бораи либоси фарқкунандаи ғайримусулмонҳо дар Афғонистон маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG