Пайвандҳои дастрасӣ

Америка шаҳрвандони худро огоҳ кард, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд



Салими Аюбзод

Департаменти давлати ИМА дар ҳушдори худ, ки рӯзи сешанбе нашр кард, мегӯяд, гузоришҳое ҳастанд, ки имсол низ ошӯбгарони мусаллаҳ ба мамлакат ҳамла хоҳанд кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Америка шаҳрвандони худро огоҳ кард, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Департаменти давлати ин кишвар дар ҳушдори худ, ки рӯзи сешанбе нашр кард, мегӯяд, гузоришҳое ҳастанд, ки имсол низ ошӯбгарони мусаллаҳ ба мамлакат ҳамла хоҳанд кард.

Дар солҳои 1999 ва 2000-ум гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки аз тарафи Вашингтон созмони террористӣ арзёбӣ мешавад, ба минтақа ворид гашта, одамон ва бавижа хориҷиёнро гаравгон гирифта буд. Ҳушдори вазорати хориҷии Америка аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида тақозо мекунад, ки махсусан аз сафар ба минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ва Қирғизистон, водии Қаротегин ва ноҳияи Тавилдара ба куллӣ худдорӣ кунанд. "Ҳарчанд авзоъи сиёсӣ беҳбуд ёфтааст, вазъият ғайриқобили пешбинӣ боқӣ мемонад", мегӯяд Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида ва меафзояд, кормандони сафоратхонаи Америка, ки дар соли 1998 ба Қазоқистон кӯчонида шуданд, дар ин ҷо боқӣ мемонанд, аммо ҳолати "қатъи фаъолият" дар Тоҷикистон лағв шуда, вазифаҳои сафорат бо сафарҳои мунтазам ба Душанбе идома меёбад.

Департаменти давлатӣ америкоиёнро ҳамчунин бо ин сабаб аз хатарҳои сафари ин минтақа огоҳ мекунад, ки гурӯҳҳои марбути Усома бен Лодин тасмим доранд, онҳоро ҳадаф бигиранд. Аз америкоиҳое, ки дар Тоҷикистон муқим мебошанд, тақозо шудааст, бо назардошти ин ҳушдор амнияти шахси худро мавриди андеша қарор диҳанд. Чунин баёнияҳои Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар нисбати кишварҳои ноором мунтазам нашр мешаванд, вале танҳо дар бархе аз онҳо маълумоти имкони ташаннуҷи авзоъ, монанди ин ҳушдор, мушаххасан зикр мегардад.

XS
SM
MD
LG