Пайвандҳои дастрасӣ

Иво Петров: вазъи минтақаи Кофарниҳон боиси ташвиш аст



Саидқосими Қиёмпур

Фиристодаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки нобоварӣ миёни ҳукумати кишвар ва оппозитсиюни собиқ ҳануз боқӣ мондааст.

Фиристодаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Иво Петров, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки нобоварӣ миёни ҳукумати кишвар ва оппозитсиюни собиқ ҳануз боқӣ мондааст. Иво Петров ба ду куштори ахири намояндагони мухолифин, муовини вазири дохилии Тоҷикистон Ҳабиб Сангинов ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Собирҷон Бегиҷонов ишора кард, ки аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расиданд. Ба назари намояндаи СММ, бо вуҷуди итминони ҳукумат роҷеъ ба контроли комили авзоъ, иттилоъе, ки онҳо дар бораи минтақаи Кофарниҳон доранд, боиси ташвиш аст. Дар нишасти матбуотӣ Иво Петров ҳамчунин натиҷаи нишасти машваратии кишварҳои донорро дар Токио эълон кард. Ҷаноби Петров гуфт, бахши бузурги кумак, ки дар ин нишаст ваъда шуд, дар давоми соли 2001 ум ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG