Пайвандҳои дастрасӣ

Федерацияи Байналмилалии Ҳелсинки: соли 2000-ум, соли афзоиши поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ



Хоҷаи Мирзода

Федерацияи Байналмилалии Ҳелсинки интихоботи ҳашт кишвари тозабунёд: Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон, Мақдуния, Тоҷикистон, Украина ва Узбакистонро, ки дар соли 2000-ум доир шуданд, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ намешуморад.

Дар гузорише, ки Федерацияи Байналмилалии Ҳелсинки оиди Ҳуқуқи Башар рӯзи ҷумъа интишор намуд, соли 2000-ум ҳамчун соли афзоиши поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва идомаи бетағйири ин вазъ дар Чеченистон ёд мешавад.

Федерацияи Ҳелсинки таъкид мекунад, ки поймолшавии ҳуқуқи инсон дар тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷамоҳири собиқ Шӯравии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ба қайд гирифта шуд. Ба навиштаи созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар зулму истибдод ҳамроҳ бо таҳкими ҳукумати марказии президентҳои ин минтақа ва маъмуриятҳои онҳо ба вуқӯъ пайваст.

Дар давоми гузориш мехонем: "Соли гузашта поймолшавиҳои васеи ҳуқуқи башар дар Чеченистон ҷо доштанд , вале ҷомеаи байналмилалӣ натавонист Русияро ба эҳтироми қонунҳои башарӣ водор намояд. Федерацияи Байналмилалии Ҳелсинки оиди Ҳуқуқи Башар, ки дар соли 1983 бо ҳадафи ҳамоҳангсозии фаъолияти Кумитаҳои Ҳуқуқи Башари 40 кишвар поягузорӣ шудааст, ҳар сол дар бораи поймолшавиҳои ҳуқуқи башар дар 55 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз нимҷазираи Балкан, Қафқоз, Осиёи Марказӣ то Аврупову Амрикои Шимолӣ гузориш медиҳад.

Созмони ёдшуда мегӯяд: "Дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба қадри кофӣ ниҳодҳои демократӣ вуҷуд надоранд , озодии баён ва ибодат маҳдуд аст ва ҳамзамон меъёрҳои низоми адлияву қонуни интихоботӣ риоя намешаванд.

Муаллифони гузориш изҳор менамоянд, ки поймолшавии ҳуқуқи башар беш аз ҳама дар Беларус ва Украина ба қайд гирифта шуд. Президентҳои ин кишварҳо аз салоҳиятҳои бидуни маҳдудият баҳраманд мебошанд.

Федерацияи Байналмилалии Ҳелсинки интихоботи ҳашт кишвари тозабунёд: Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон, Мақдуния, Тоҷикистон, Украина ва Узбакистонро, ки дар соли 2000-ум доир шуданд, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ намешуморад. Дар байни кишварҳои Ғарб, ки анъанаи тӯлонии ҳокимияти демократӣ доранд, Юнон камтар аз ҳама ба поймолшавии ҳуқуқи инсон роҳ додааст.

Дар гузориш мавҷудияти ҳукми қатл дар ИМА, суиистифода аз қудрат аз тарафи полиси кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҳам мавриди интиқод қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG