Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент Эмомалӣ Раҳмонов ба Ереван барои ширкат дар нишасти раҳбарони паймони амнияти дастиҷамъӣ



Мирзонабии Холиқзод

Рӯзи панҷшанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вориди Ереван пойтахти Арманистон шуд.

Рӯзи панҷшанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вориди Ереван пойтахти Арманистон шуд. Қарор аст, ки ӯ дар нишасти сарварони Паймони амнияти дастиҷамъии Кишварҳои Муштаракулманофеъ, ки 25 май шурӯъ хоҳад шуд, ширкат кунад. Дар ин сафар президент Раҳмоновро вазири умури хориҷаи кишвар Талбак Назаров, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва дабири кули Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ҳамроҳӣ мекунанд. Дар нишасти мазбур ҳамчунин, президентҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон иштирок намуда намояндагони Узбакистон ва Гурҷистон ба ҳайси нозир ҳузур хоҳанд дошт. Президенти Русия Владимир Путин дар ҳамин рӯз барои боздид аз манотиқи селзада ба Ёқутистон рафт баъд аз ошнои бо вазъи он ҷо барои ширкат дар нишасти кишварҳои узви паймони дастҷамъии амниятӣ озими Ереван шуд.

XS
SM
MD
LG