Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Раҳмонов аз кишварҳои Ғарб хоҳиш намуд ба Тоҷикистон кумак кунанд



Мирзонабии Холиқзод

Дар муроҷиати Эмомалй Раҳмонов ба сарварони кишварҳои Иёлоти Мутаҳида, Канада, Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, ки бар асари хушксолй ними зироати Тоҷикистон, аз ҷумла ҳосили гандуму лубиё сухтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов рузи сешанбе аз кишварҳои Ғарб хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон кумак кунанд. Дар муроҷиати вай ба сарварони кишварҳои Иёлоти Мутаҳида, Канада, Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, ки бар асари хушксолй ними зироати Тоҷикистон, аз ҷумла ҳосили гандуму лубиё сухтааст. Ҳавои бебориш ҳосилнокиро коҳиш дода ба парвариши ғаладона дар заминҳои кишт, зарари ҷиддй расондааст.

Эмомалй Раҳмонов хостори 550 ҳазор тон ғалладона, 11ҳазор тон равғани рустанй, 16,500 тон маҳсулоти ширй, 11ҳазор тон маҳсулоти гуштй ва 16,500 тон шакар шудааст.

Тоҷикистон дар соли 1991 баъди фурупошии Шуравй мустақилият ба даст овард. Бар асари ҷанги дохилй, ки 5 сол идома кард,50 ҳазор шаҳрванди ин кишварро тарк намуда ба давлатҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон паноҳ бурданд.





XS
SM
MD
LG