Пайвандҳои дастрасӣ

Борону жола дар деҳаҳои дараи Варзоб



Тоҳир Сафар

Дар натиҷаи боридани борону жола, миқдори бузурги лою рег болои якчанд деҳаи дараи Варзоб фурӯ рехт. Сокинони деҳот тавонистанд, ки ба зудӣ аз хонаҳои худ берун шаванд. Вале то ҳол як зан нопайдо аст ва эҳтимоли он меравад, ки дар зери лою рег монда бошад.

Шанбе ва якшанбеи гузашта дар натиҷаи боридани борону жола, миқдори бузурги лою рег болои якчанд деҳаи дараи Варзоб фурӯ рехт. Сокинони деҳот тавонистанд, ки ба зудӣ аз хонаҳои худ берун шаванд. Вале то ҳол як зан нопайдо аст ва эҳтимоли он меравад, ки дар зери лою рег монда бошад.

Дар маҷмӯъ беш аз сӣ хона аз сарозер шудани лой осеб дидааст. Сокинони он ҳоло дар бинои ду мактаби деҳот ҷой дода шудаанд. Вазорати Вазъиятҳои Фавқуллода, Кумитаи Ҳилоли Аҳмар ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо барои кӯмак барои аҳолии осебдида ҳарчи аз дасташон меояд, иҷро мекунанд. Вале аҳолӣ мегӯяд, ки ҳайатҳо танҳо бо вазъи зарардидагон ошно мешаванду пас мераванд, касе дар асл кӯмаке надидааст.

XS
SM
MD
LG