Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунҳои ҳуқуқи башар ва татбиқи онҳо дар Узбакистон



Тод Даймонд (ЕвразияНет)

Дар ҳоле, ки Комиссиюни Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид факти пешрафти теоритикии Узбакистонро ба самти демократия эътироф мекунад, ҳамзамон сатҳи татбиқи ин қонунҳоро дар амал зери суол мегузорад.

Моҳи апрели соли 2001ум ҳукумати Узбакистон ба Комиссиюни Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ки кишвар дорои сохтори фаъоли ҳуқуқи башар мебошад ва то имруз беш аз 100 қонун ва санадҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро қабул кардааст. Дар ҳоле, ки Комиссиюн факти пешрафти теоритикии Узбакистонро ба самти демократия эътироф мекунад, ҳамзамон сатҳи татбиқи ин қонунҳоро дар амал зери суол мегузорад.

Дар робита ба татбиқи кунди қонунҳои марбут ба ҳуқуқи башар, Узбакистон нормаҳои барқарори худро дорад. Моҳи марти соли 2000ум Комиссиюни Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки як Оҷонсии Давлатии Ийолоти Муттаҳида аст, натиҷагирӣ кард, ки мувафақияти Узбакистон дар самти риояи ҳуқуқи башар танҳо теоритикӣ аст ва ҳеҷ шаҳодати боз будани ҷомеъа ва ё кушиши боварибахш дар ин ҷода ба назар намерасад.

Гузорши Узбакистон дар ҷараёни нишасти солонаи Комиссиюни ҳуқуқи башар аз 19 март то 6 апрел дар Женева пахш гардид. Узбакистон гузориш дод, ки фаъолияи худро дар самти риояи ҳуқуқи башар ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар кардааст. Тибқи гузориш дар Узбакистон институти Омбудсман, Маркази Ҳуқуқи Башар ва Пажуҳишгоҳи назорат аз руи татбқи қонунҳо фаъолият мекунанд. Созмонҳои ғайридавлатӣ бо шумули Маркази Пажуҳиши Афкори Умум, Камитети дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои мухтилифи дигар вазъи ҳуқуқ башарро дар кишвар таҳти назорат доранд.

Комиссиюни Ҳуқуқи Башар Узбакистонро барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мусовӣ намудани қонунҳои он ситоиш кард. Аз суи дигар Комиссиюн дар робита ба норушан боқӣ мондани теъдоди эъдомшудагон, афроди маҳкум ба марг ва шиканҷаи муттаҳамин аз ҷониби ходимони ҳифзи тартибот изҳори таассуф намуд. Ташвиши Комиссиюни Ҳуқуқи башари Созмони Миллаи Муттаҳид аз ҷониби Ҳюман Райтс Вотч, созмони байналмилаии дидбони ҳуқуқи башар ҳамовозӣ пайдо кард, ки пажуҳиши мустақили худро дар ин бахш ба роҳ мондааст. Кассандра Каванаф, масъули пайгирии вазъи ҳуқуқи башар дар Аврпуо ва Осиёи Марказӣ гуфт, гузориши Узбакистон танҳо дар бораи қонунҳоест, ки мавҷуданд аммо татбиқ нашудаанд. Шаҳодате, ки моҳи январи соли равон аз ҷониби Ҳюман Райтс Вотч пешниҳод шуд, шубҳаеро тақвият медиҳад, ки қонунҳои Узбакистон дар ин самт татбиқ намешаванд. Ҳюман Райтс Вотч мегуяд, санадҳоеро дар даст дорад, ки садҳо мусалмони кишвар мавриди боздошти пулис ва шиканҷа қарор мегиранд. Созмон меафзояд, шиканҷаи пулис, меъёри хоси сохтори додгоҳии ҷинояткори Узбакистон аст. Ходимони пулис ва амният барои ба даст овардани эътирофи гуноҳи нафароне, ки боздошт мешаванд, аз методи шиканҷа истифода мекунанд. Шаҳрвандонро танҳо барои намозхонӣ ва ё тилоати Қуръон ба зиндон меафкананд. Ба гуфтаи Ҳюман Райтс Вотч танҳо дар ду соли гузашта ҳадди ақал 15 нафар дар ҷарёни шиканҷа дар маҳбасҳо ҳалок шуд.

Комиссиюни Ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба Узбакистон тавсия дод, ки ташкили додгоҳҳои мустақилро кафолат диҳад ва ҳамчунин итминон диҳад, ки занҳои гирифтори хушунати хонаводагӣ аз пуштибонии қонун бархурдор мешаванд. Комиссиюн ба масъалаи кучи иҷбории 1,300 тоҷики Узбакистон, аз деҳкадаи куҳӣ ба дашти Шеробод таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард ва аз мақомоти Узбакистон даъват намуд, ки ба чунин амалҳои маҷбурӣ хотима гузорад.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)



XS
SM
MD
LG