Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубориза зидди маводи мухаддира баъзан ба ҷанг зидди мухолифин омехта мешавад



Нансӣ Лубин (ЕвразияНет)

"Баъзе кишварҳои минтақа барои саркӯб кардани оппозитсион, намояндагони гурӯҳҳои динӣ ё этникӣ, маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва умуман барои сахттар кардани назорати сиёсӣ, номи мубориза зидди маводи мухаддираро истифода мекунанд."

ЕвразияНет менависад: дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мубориза зидди маводи мухаддира баъзан ба ҷанг зидди мухолифини сиёсӣ омехта мешавад. Баъзе кишварҳои минтақа барои саркӯб кардани оппозитсион, намояндагони гурӯҳҳои динӣ ё этникӣ, маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва умуман барои сахттар кардани назорати сиёсӣ, номи мубориза зидди маводи мухаддираро истифода мекунанд. Ҳамчунин ҷанг зидди нашъаву ҳируин як роҳи порагирӣ, ё худ ришвахӯрии иддае аз мақомоти марбута мебошад. Тибқи гузоришҳо, борҳо иттифоқ афтодааст, ки кормандони ҳифзи амнияту тартибот ё гумрук ба либосу ҷомадони мухолифони сиёсӣ ё динӣ миқдоре нашъаву ҳируин мегузоранд ва онҳоро бо ҳамин баҳона зиндонӣ мекунанд.

Намояндагони гурӯҳҳои этникӣ яке аз ҳадафҳои ҳамешагии мақомоти мубориза зидди маводи мухаддира мебошанд, ҳол он, ки қочоқбарон дар асл намояндагони ҳамаи миллатҳои хурду бузург ҳастанд. Масалан, дар Ӯзбакистон муҳоҷирону паноҳандагон ва мусофирони кишварҳои минтақа аксаран ҳадафи муборизони зидди нашъа дар ин ҷумҳурӣ қарор мегиранд. Бо баҳонаи мубориза зидди ҳируин кормандони гумрук ва посгоҳҳои марзии Ӯзбакистон аксаран мусофиронро ба додани пора маҷбур мекунанд. Онҳоро бо хатари зиндон метарсонанд, бо баҳонаи ҷустуҷӯи нашъа либосу бадани мусофиронро ба шакли таҳқиромез кофтуков мекунанд.

Як биринҷфурӯши сокини Бодканди Қирғизистон сафари худро ба Ӯзбакистон чунин нақл мекунад: "Полиси ӯзбак барои пайдо кардани нашъа кофтукови моро шурӯъ кард. Ман медонам, ки ходимони полис моли чанд тоҷири қирғизро зӯран аз худ карданд ва аз онҳо пораи бузург низ ситониданд. Албатта, ин тоҷирон ба ҷое шикоят намекунанд, зеро медонанд, ки дар он ҳол ба зиндони Ӯзбакистон партофта мешавад. Аз он зиндон озод шудан имкон надорад". Вале нуктаи бештар аз ҳама ташвишовар дар тиҷорати маводи мухаддира дар Осиёи Марказӣ ба ин тиҷорат кашида шудани занон мебошад. Занон ҳам қурбонии қочоқбарон мешаванд ва ҳам мавриди истифодаи мақомоти мубориза зидди ҳируин қарор мегиранд. Дар Қирғизистон тахминан 30 дар сади қочоқбарон ва мӯътодони нашъаву ҳируин занон мебошанд. Дар Тоҷикистон ин рақам бузургтар аст ва ҳам бештар мешавад.

Қашшоқии мардум, табъйизи занон, ноумедии занон шароитеро фароҳам сохтааст, ки тоҷирони маводи мухаддира онҳоро ба осонӣ ба дом мекашанд. Дар Тоҷикистон ҷанг ҳаёти мардони зиёдро аз байн бурд ва масъулияти хонаводаро ба дӯши занон гузошт. Онҳо баъзан аз ноилоҷӣ барои наҷоти худ ва фарзандонашон аз гуруснагӣ наркокурер мешаванд. Вале чунин ҳодисаҳо ҳам ҷой доранд, ки баъзе шавҳарон занони дуввум ё севвуми худро базӯр ба ин тиҷорати хатарноки ғайриқонунӣ тела медиҳанд. Дар баъзе мавридҳо аҳли тиҷорати нашъаву ҳируин кӯдаконро мерабоянд ва модари онҳоро маҷбур мекунанд, ки барои раҳо кардани фарзандаш моли қочоқро аз ҷое ба ҷое интиқол диҳад.

Вале аз ҷониби дигар занон баъзан мавриди истифодаи мақомоти мубориза зидди маводи мухаддира низ мешаванд. Кормандони чунин муассисаҳо ба мақсади ёфтани наркобаронҳои муҳим занонро чун дом ба ҳалқаи қочоқбарон ворид мекунанд. Ҳамчунин кофтукови ҷисми занон ба баҳонаи пайдо кардани нашъа як масъалаи ташвишовар мебошад. Дар Афғонистон, дар макони кишти кӯкнор ва тавлиди ҳируин занон дар ин тиҷорат нақши худро доранд. Онҳо дар кишти ин зироат ҳамкорӣ мекунанд. Кормандони шӯъбаи мубориза зидди маводи мухаддираи СММ мегӯянд, аз панҷ чаҳор ҳиссаи занони афғон, ки дар ин амал даст доранд, кишти кӯкнорро кори дуруст мешуморанд. Онҳо парвариши кӯкнорро чун як роҳи маъмулӣ барои пайдо кардани нони хонавода ҳисоб мекунанд. Як зани кишоварзи афғон изҳор дошт, "агар кӯкнор намебуд, занон маҷбур мешуданд, ки дар хонаи касе хидматгор шаванд, ман ҳатто агар аз гуруснагӣ бимирам, хидматгори каси дигар намешавам."

Ба ин тариқ, бо ҳукуматҳое, ки шаффофият надоранд, бо мақомоти мубориза зидди маводи мухаддира, ки ба порахуриву фасод олуда шудаанд ва баъзан худ дар ин тиҷорат ҳамкорӣ мекунанд, бо мардуме, ки аз гуруснагиву ноилоҷӣ ба ин тиҷорат кашида мешавад, чӣ гуна кишварҳои ғарбӣ метавонанд маводи мухаддираро дар Осиёи Марказӣ аз байн баранд? Чӣ гуна Ғарб мутмаин бошад, ки пулу васоили ба минтақа фиристодаи вай ба ҷанги зидди маводи мухаддира истифода мешавад, на ба саркӯб кардани мухолифини сиёсӣ ва помол кардани ҳуқуқи инсонҳо. Барои посух додан ба ин суолҳо маълумоти кофӣ дар даст нест, ҳоло танҳо худи суол вуҷуд дорад.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG