Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеаи Байналмилалӣ 430 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак мекунад



Аббоси Ҷаводӣ

16 май намояндагони шаш кишвар ва ҳашт созмони байналмилалӣ ӯҳдадор шуданд, ки дар солҳои 2001 ва 2002 маблағи 430 миллион доллар барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон ва беҳбуди вазъи иқтисодии ин кишвар кӯмак мекунад.



16 май намояндагони шаш кишвар ва ҳашт созмони байналмилалӣ ӯҳдадор шуданд, ки дар солҳои 2001 ва 2002 маблағи 430 миллион доллар барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон ва беҳбуди вазъи иқтисодии ин кишвар кӯмак мекунад. Ин натиҷаи маҷлиси намояндагони кишварҳои байналмилалӣ ва созмонҳои донор дар Тоҷикистон буд, ки дар Токио пойтахти Япония ташкил гардид. Ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба раҳбарии президенти ин кишвар Э. Раҳмонов, ки бо сафари расммии 5 рӯза дар Япония аст, вазъи иҷтимои ва иқтисодии кишварро ба маҷлиси намояндагони кишварҳо ва созмонҳои ёрирасон шарҳ дод. Ин севвумин маҷлиси байналмилалии ёрирасонҳо ба Тоҷикистон буд, ки бо сарпапрастии Бонки Ҷаҳонӣ ташкил шуд. Дар Тоҷикистон, ки теъдоди аҳолии он каме беш аз 6 миллион нафар аст, қариб 85 дар сади мардум дар фақри шадид ба сар мебаранд. Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, Норвегия, Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бунёди Байналхалқии Асъор ҷузви муҳимтарини ёрирасонҳои Тоҷикистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG