Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Тоҷикистон бо иператори Япония мулоқот намуд



Мирзонабии Холиқзод

Президент Раҳмонов рузи душанбе барои ширкат дар нишасти гуруҳҳои машваратии кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон вориди Токио шуд.



Рузи сешанбе 15 май президенти Тоҷикистон Эмомалй Раҳмоновро иператори Ҷопон Акиҳито расман пазирой намуд. Президент Раҳмонов рузи душанбе барои ширкат дар нишасти гуруҳҳои машваратии кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон вориди Токио шуд. Императори Ҷопон Акиҳито зимни мулоқот аз Имомалй Раҳмонуф барои мусоидаташ дар роҳи озод намудани чаҳор заминшиноси ҷопонй изҳори минатдорй кард. Ин геологҳои ҷопонйро ҷангиёни узбак дар Ботканди Қирғизистон дар соли 1999 ба асорат гирифта буданд. Он вақт бо кушишҳои мақомоти Тоҷикистон ва фармондлеҳони пешини оппозисиюн дар манотиқи шарқи кишвар гарвагонон аз асорат раҳо шуданд. Аммо гуфта мешуд, барои озод намудани онҳо ҷониби Ҷопон ҳудуди 4 млн доллар ба афроди Намангонй пардохт .

Дар ҷараёни мулоқот дар қасри император, Эмомали Раҳмонов Шоҳ Акиҳито ва малика Митикоро даъват намуд ки ба Тоҷикистон ташриф оранд. Қарораст, шаби чоршанбе 16 май президент Раҳмонов бо нахуствазири Ҷопон Зюнъиҳиро Коизюмй мулоқот кунад. Вале қабл аз он субҳи рузи чоршанбе нишасти гуруҳи машваратии кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон дар Токио шуруъ мешавад. Дар он Эмомалй Раҳмонов роҷеъ ба вазъи иҷтисодй ва иҷтимоии Тоҷикистон суханронй намуда намояндаҳои бонку созмонҳо ва кишварҳои кумаккунанда масоили ёриҳои худро ба Тоҷикистон баррасй мекунанд.

XS
SM
MD
LG