Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муваффақияти барномаҳои мубориза зидди маводи мухаддира?



Нансӣ Лубин (ЕвразияНет)

"Аксари боздоштшудагон танҳо наркокурерҳо мебошанд, ки якчанд грам ҳируинро аз ҷое ба ҷое мекашонанд. Соҳибони аслии мол пинҳон мемонанд."

Дар мавриди муваффақияти барномаҳои мубориза зидди маводи мухаддира суханҳои зиёде гуфта мешаванд, вале мутахассисон дар мавриди ин барномаҳои байналмилалӣ назарҳои гуногун доранд. Шӯъбаи мубориза зидди маводи мухаддираи СМ иддао мекунад, ки кишти кӯкнор дар Афғонистон солҳои ахир ба таври назаррас кам шудааст. Тибқи гузоришҳои ин шӯъба метавон хулоса кард, ки дар соли дуҳазорум дар Афғонистон кӯкнор қариб ҳеҷ кишт нашудааст. Вале на ҳама ба ин гуфтаҳо бовар мекунанд. Баъзеҳо, ба шумули мақомоти ҳукумати ИМА, мегӯянд, мо танҳо замоне ба кам шудани майдонҳои кӯкнор бовар мекунем, ки тасвири умумии онро аз тариқи сатталайт, ё моҳвора аксбардорӣ намоем. Онҳо мегӯянд, кам шудани кишти кӯкнор дар мавсимҳои ахир шояд на ба барномаҳои байналмилалӣ ва ё ваъдаҳои Толибон, балки ба хушксолӣ ва набудани об робита дошта бошад. Як идда мутахассисон ҳатто тахмин мекунанд, имкон дорад, Толибон барои боло бурдани нархи кӯкнор тасмим гирифтанд, ки имсол кишти онро кам кунанд ва аз захираи амборҳои худ истифода намоянд. Зеро дар тӯли чанд моҳи ахир мушоҳида мешавад, ки нархи ҳируин дар минтақа боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол, шӯъбаи мубориза зидди маводи мухаддираи СМ ва кишварҳои донор аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, масалан, Тоҷикистону Қирғизистон гузориш медиҳанд, ки боздошти қочоқбарони кӯкнору ҳируин ҳарчи бештар мешавад. Вале танҳо ин ҳам наметавонад нишондиҳандаи муваффақияти барномаҳои мубориза зидди тиҷорати ҳируин бошад. Аввал, ин ки боздоштшудагон танҳо ноқилон, ё худ наркокурерҳо мебошанд, ки якчанд грам ҳируинро аз ҷое ба ҷое мекашонанд. Соҳибони аслии мол пинҳон мемонанд. Дуввум, ба назари мутахассисон, бештар дастгир шудани курерҳо, аслан, нишони афзоиши тиҷорати маводи мухаддира дар минтақа метавонад бошад.

Дар мавриди фаъолияти оҷонсиҳои мубориза зидди маводи мухаддира низ назарҳо гуногунанд. Баъзеҳо ин муассисаҳоро ситоиш мекунанд. Вале бархи дигар мегӯянд, ки ин оҷонсиҳо, чун муассисаҳои дигари собиқ шӯравӣ, аз фасод дар канор намондаанд. Барномаи таҳқиқи биохимиявиро, ки таҳти назари шӯъбаи мубориза зидди маводи мухаддираи СММ дар Ӯзабкитсон пиёда гардид, аз ҷониби баъзеҳо ситоиш мешавад. Вале бархи дигар мегӯянд, ки дар дарозмуддат ин барнома ба олами рустаниву ҳайвонот зарар мерасонад ва амалан бо силоҳи қатли оми биологӣ робита мегирад.

То ҳанӯз баъзеҳо суол медиҳанд, ки оё он лавозимоте, ки ИМА ва СММ барои мубориза зидди қочоқбарони маводи мухаддира ба Ӯзабкитосн додаанд, дар воқеъ ба зидди кӣ истифода шуд: ба зидди қочоқбарон ё барои саркӯб кардани оппозитсиони сиёсӣ. Маъмулотҳои зидду нақиз дигар дар мавриди тиҷорати маводи мухаддиар ҳам арзи вуҷуд мекунанд. Масалан, дар соли 1999 тибқи ҳисоби ҳукумати Америка дар Афғонистон 2700 метри мураббаъ майдони кишти кӯкнор вуҷуд дошт. СММ масоҳати ин майдонро 4600 метри мураббаъ тахмин мекард. Дар соли 2000 тибқи маълумоти СМ тавлиди кӯкнор дар Афғонистон 28 дар сад кам шудааст. Ҳукумати Америка бошад ба ин назар аст, ки ҳосили кӯкнор дар соли 2000 ум дар асл 30 дар сад боло рафта буд. Як мушкили бузурги мубориза зидди тиҷорати ҳируин дар Осиёи Марказӣ ин аст, ки мақомоти ҳифзи қонун ва тартибот худ дар ин тиҷорат даст доранд. Ҳатто, раҳбарони ҷумҳуриҳо ин нуктаро эътироф кардаанд. Масалан, президенти Тоҷикитосн И. Раҳмонов ин масъаларо дар гузориши солонаи худ ба парламенти кишвар ёдовар шуд. Ба ин тариқ, маълум нест, ки кишвароҳи Ғарб бо дастгирии барномаҳои мубориза зидди маводи мухаддира дар Осиёи Марказӣ дар амал мақомоти ҳифзи тартиботро кӯмак мекунанд ва ё ғайримустақим ба муҷаҳҳазшавии дастандаркорони тиҷорати ҳируин мусоидат менамоянд.

Гузашта аз ин фаъолияти оҷонсиҳои мубориза зидди маводи мухаддираро дар Осиёи Марказӣ тарзи кори муассисаҳои маҳаллӣ, адами шаффофият дар фаъолияти онҳо маҳдуд мекунад. Мутахассисони ботаҷриба ва таҷҳизоти зарурӣ тақрибан ҳеҷ вуҷуд надоранд. Дастрасӣ ба маъмулоти воқеъӣ маҳдуд аст. Аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки барномаҳои кишварҳои ғарбӣ барои аз байн бурдани тиҷорати маводи муххаддира дар Осиёи Марказӣ дар ин шароит то куҷо натиҷаи дилхоҳ ба бор меоваранд?

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG