Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати маводи мухаддира дар Осиёи Марказӣ



Нансӣ Лубин (ЕвразияНет)

Моҳи декабр табибони Маскав се рӯзро ба ҷарроҳии як қочоқбари маводи мухаддира сарф карданд, ки ним кило ҳируинро дар дохили шиками худ аз Душанбе ба Маскав оварда буд. Дар ҳамон рӯзҳо як зани рус дар истгоҳи роҳи оҳани Қазоқистон дастгир шуд, ки 500 грам маводи мухаддираро дар даруни мурғи бирён интиқол медод. Вале миқдори бузурги ҳируин, беш аз 24 кило, дар мошину хонаи дипломати тоҷик дар Қазоқистон ошкор гардид.

Моҳи декабр табибони Маскав се рӯзро ба ҷарроҳии як қочоқбари маводи мухаддира сарф карданд, ки ним кило ҳируинро дар дохили шиками худ аз Душанбе ба Маскав оварда буд. Дар ҳамон рӯзҳо як зани рус дар истгоҳи роҳи оҳани Қазоқистон дастгир шуд, ки 500 грам маводи мухаддираро дар даруни мурғи бирён интиқол медод. Вале миқдори бузурги ҳируин, беш аз 24 кило, дар мошину хонаи дипломати тоҷик дар Қазоқистон ошкор гардид. Полиси қазоқ ду мошини дигарро бо 60 кило маводи мухаддира дар шаҳри дигари ҷумҳурӣ дастгир кард. Ба даст афтодани қочоқбароне, ки маводи мухаддираро дар дохили пояфзол, дар даруни анор ё омехта бо себу нок интиқол медиҳанд, як ҳодисаи маъмулӣ мебошад.

Бо ҳамин роҳ дар тӯли даҳ соли ахир маводи мухаддираи Афғонистон аз тариқи Тоҷикистону Ӯзбакистон ва дигар ҷумиҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав мерасад ва роҳи худро ба Аврупои Ғарбӣ идома медиҳад. 80 дар сади ҳируини Аврупо ва 95 дар сади ҳируини Британия аз Афғонистон меояд.

Аз ин тиҷорати ғайриқонунӣ ва пурхатар даҳҳо нафар, яъне наркобаронҳо, сарвати беандоза ҷамъ овардаанд, ин барои онҳо бизнеси бузург аст. Садҳо тани дигар, яъне наркокурерҳо, аз ҳамин ҳисоб рӯз мегузаронанд. Ин тиҷоратест, ки миллиардҳо долларро ба гардиш овардааст.

Мутахассисон тахмин мекунанд, кӯкноре, ки дар Афғонистон кишта мешавад, дар шакли ҳируин бо нархи ҳозираи бозор ҳудуди 100 миллиард доллар арзиш дорад. Як кило кӯкнор дар Афғонистон 300 доллар аст, дар Маскав нархи он сад баробар болотар мешавад. Дар Аврупои Ғарбӣ онро 500 баробар қиматтар, яъне ба нархи 150 ҳазор доллар мехаранд. Толибони Афғонистон агарчи ваъдаи зиёд медиҳанд, ки кишти кӯкнорро аз байн мебаранд, вале дар асл худ маҳз аз ҳамин манбаъ даромад мегиранд. Агар дар авоили солҳои навадум Толибон аз маводи мухаддира соле 10 миллион доллар фоида доштанд, ҳоло мафоди солонаи онҳо ба 75 миллион доллар мерасад. Ҳамин пули ҳируин аст, ки Толибон барои идомаи ҷанг ва ба гуфтае, ба пуштибонии гурӯҳҳои террорист сарф мекунанд.

Вале чи дар Афғонистон ва чи дар Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ як теъдоди одамон, дар ҳақиқат, аз ноилоҷӣ ба тиҷорати маводи мухаддира олуда шудаанд. Барои як идда кишоварзони афғон кишти кӯкнор ягона роҳи ба даст овардани чанд танга аст. Дар Осиёи Марказӣ баъзеҳо дигар ҳеҷ роҳи пайдо кардани нони худро намеёбанд ва бо қабули хатари зиндон ва ҳатто марг, наркокурер мешаванд, яъне якчанд грам ҳируинро дар шикаму либоси худ аз ҷое ба ҷои дигар интиқол медиҳанд. Барои як теъдод одамон, дар воқеъ, ин ягона роҳи наҷот аз гуруснагӣ аст. Бо дарназардошти вазъият ва тамоми нозукиҳои он, кишварҳои ғарбӣ барномаҳои мубориза зидди маводи мухаддираро дар Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ мекунанд. Дар даҳсолаи гузашта онҳо миллионҳо долларро барои таъсиси оҷонсиҳои зидди маводи мухаддира, тамрини мутахассисон ва харидани таҷҳизоти зарурӣ барои ин минтақа сарф намуданд.

Шӯъбаи мубориза зидди маводи мухаддираи СМ талош дорад, ки кишти кӯкнорро дар Афғонистон коҳиш диҳад ва роҳи тиҷорати онро дар Осиёи Марказӣ бигирад. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шӯъбаи номбурда кӯшиш мекунад, ки оҷонсиҳои мубориза зидди маводи мухаддира ташкил ёбад, қонунҳои марбута тасвиб шаванд, хадамоти гумрук ва марзбон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гарданд ва ҳар гуна ташаббусҳои дурусти мубориза зидди қочоқи маводи мухаддира дастгирӣ ёбанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ низ ба ин барномаҳо ҳамкорӣ мекунанд. Мутахассисони амрикоӣ мегӯянд, ки аз густариши тиҷорати ҳируин дар Осиёи Марказӣ Аврупои Ғарбӣ зарари мустақим мебинад. Яъне Аврупои Ғарбӣ дар мубориза зидди маводи мухаддира дар ин минтақа бояд саҳми бештар гирад. Вале манфиати ИМ низ дар ин мубориза қобили мулоҳиза аст. Зеро Америка нигарон аст, ки фаъолиятҳои террористӣ дар ин минтақа ва дар ҷаҳон асосан аз фоидаи тиҷортаи маводи мухаддира маблағгузорӣ мешаванд.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG