Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон иддаъои президенти Ӯзбакистонро "беасос" номид



Салими Аюбзод

Раддияи Тоҷикистон ба иддаоъи президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар бобати мавҷудияти марказҳои таълими гурӯҳҳои мусаллаҳи исломӣ дар бархе аз навоҳии шарқии Тоҷикистон ва заъфи ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон.



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баёнияи президенти Ӯзбакистон Ислом Каримовро дар бораи онки гӯё ошӯбгарони исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳҳои худро доранд, бебунёд номид. Рӯзи 11-уми май президент Каримов дар нишасти матбуотӣ дар Тошканд гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба бархе аз ноҳияҳои шарқии Тоҷикистон назорат надорад ва дар ин ҷо пойгоҳҳе ҳастанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ барои ҳамла ба қаламравҳои бегона таълим дода мешаванд. "Раҳбарияти Тоҷикистон дар баландтарин сатҳ батакрор гуфтааст, ки дар қаламраваш пойгоҳҳои ошӯбгарони исломӣ вуҷуд надорад", гуфт сардори идораи маълумоти вазортаи корҳои берунаи Тоҷикистон Игор Сатторов. Ва дар мавриди марзҳои давлатии Тоҷикистон, афзуд ҷаноби Сатторов, ин сарҳадҳо таҳти назорати нирӯҳои марзбони Тоҷикистон ва Русия қарор догшта, бо ҷузвутомҳои фирқаи 201-уми Русия таҳким ёфтаанд. Президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов гуфта буд, ки ҳимояи марзҳои Тоҷикистон заъиф аст ва гурӯҳҳои ошӯбгарон аз онҳо ба осонӣ мегузаранд.

XS
SM
MD
LG