Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар минаи марзбонони Ӯзбакистон таркида, ба ҳалокат расид



Салими Аюбзод

Минаҳо дар марзи Ӯзбакистон ба муқобили мусаллаҳони исломӣ гузошта шудаанд, вале дар онҳо асосан шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин минаҳо кушта шуданд, то рӯзи 12-ҳуми май 36 нафар мебошад.



Вазорати амнияти Тоҷикистон хабар дод, ки боз як шаҳрванди дигари кишвар дар минаҳои марзбонони Ӯзбакистон таркида ба ҳалокат расид. Воқеа дар наздикии деҳаи Сафедсанги вилояти Суғд, дар наздикии марӯз бо Ӯзбакитсон ба амал омад. Ба маълумоти вазорати амнияти Тоҷикистон то имрӯз 36 шаҳрванди Тоҷикистон дар минаҳои гузоштаи марзбонони кишварҳои ҳамсоя таркида ба ҳалокат расидаанд. Мавзӯъи минагузорӣ дар марзи Тоҷикистон аз тарафи ҳарбиёни Ӯзбакистон дар нишасти матбуотии президенти ӯзбак Ислом Каримов, рӯзи ҷумъа дар Тошканд баррасӣ шуд. Президенти Ӯзбакистон гуфт, "кишварҳои ҳамсоя бо зикри минагузории мо дар марз моро ба рафтори зиддибашарӣ айбдор мекунанд. Вале бояд бигӯям, ки мо аввалан марзҳои кишвари худамонро минагузорӣ мекунем. Ин аввал, сониян, маҳалҳое минагузорӣ карда мешаванд, ки дар баландии чаҳор ва ё зиёда километр вқеъ буда, дар он ҷо барои сохтани посгоҳҳо ягон шароит нест. Дар он ҷо одам наметавонад зиндагӣ кунад. Ва инҳо пайраҳаҳое мебошанд, ки кайҳо ба долонҳои интиқоли маводи мухаддир табдил ёфтаанд." Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маҳалҳое минагузорӣ шудаанд, ки нахуст бояд мансубияти онҳо ба Ӯзбакистон тасдиқ гардад. Ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз марзҳои миёни ҳамдигарро дақиқ ва аломатгузорӣ накардаанд. Ин раванд миёни Ӯзбакистон ва Қирғизистон сар шудааст, вале бо баҳсҳои зиёд вориди бӯҳрон гардидааст. Тибқи хабарҳои расида, шаҳрвандон асосан дар наздикии рустоҳои марзӣ ба ҳалокат расидаанд, яъне дар ҳоле дар ин мавзеъҳои баландкӯҳ рустоҳо вуҷуд доранд, ташкили посгоҳҳои марзӣ низ имконпазир аст. Ба ақидаи таҳлилгарон ҳалокати одамон дар минаҳои марзӣ ба муносибати миёни тоҷикону ӯзбакҳо чи дар нуқоти марзӣ ва чи дар маҳалҳои дигар таъсири шадидан манфӣ аз худ мегузорад.

XS
SM
MD
LG