Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро моҳвораи "Интерспейс"-и Иёлоти Муттаҳида нашр хоҳад кард



Мирзои Салимпур

Бо татбиқи ин лоиҳа намоишҳои телевизони Тоҷикистонро дар Аврупо ва Осиё дидан мумкин мешавад. Ҳамчунин сифат ва паҳнои нашри мавҷҳои радио ва телевизон дар ҳамаи нуқоти Тоҷикистон ба саҳти нав мебароянд.



Пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон, ки қаблан тавассути моҳвораи Русия "Горизонт" дар диапозони 30 мм сурат мегирифт, минбаъд аз тариқи моҳвораи америкоии "Интерспейс" пиёда хоҳад шуд. Раҳматулло Машарифов, раиси ширкати "Тоҷиктелерадиоком" ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, раҳандозии ин лоиҳа то рӯзи 9 сентябр анҷом ёбад. Раҳматулло Машарифов афзуд, табдили моҳвора кайфияти пахш ва қабули барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он бояд бо маротиб беҳтар намояд. Ба ақидаи Раҳматулло Машарипов дар даҳ соли ахир шумораи дастгоҳҳои пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар мамлакат афзуда, ба думболи ин метавон гуфт, ки қаламрави фазои иттилоотии Тоҷикистон назар ба даврони шӯравӣ густардатар шудааст. Ӯ ҳамчун изҳор кард, ки қаблан ин ниҳод дар мавриди пахши шабакаҳои итилоотии мамлакат пештар дар манотиқи вилояти Суғд ва Бадахшон мушкилот дошт. Ахиран намояндагони ширкати Тоҷиктелерадиоком дар шаҳри Лас Вегаси ИМА дар намоишгоҳи байналмилаллии навтарин комуникатсияи телевизионӣ ва радиоӣ ширкат карданд. Аммо Раҳматулло Машарифов мегӯяд, қимати комуникатсияи замонавӣ дар бозори ҷаҳонӣ хеле баланд буда, Тоҷикистон бо он имконоти маҳдуде дорад, қобили харидории чунин таҷҳизот нест. Аз ин лиҳоз ин ширкат бештар ба тармими таҷҳизоти мавҷуда диққат медиҳад, ки дар асоси созишномаи миёни "Тоҷиктелерадиоко" ва ширкати русии "Даймонд" анҷом дода мешавад. Мусоҳиби мо афзуд, насли модулҳои нав тибқи ҳисоби мутахассисон имкон медиҳад, ки масрафи нерӯи барқ то 3 баробар поин бурда шавад. Гуфта мешавад, "Тоҷиктелерадиоком" ба маҳзи адами радиову телевизионҳои хусусӣ дар мамлкат асосан ба пахши барномаҳои шабакаҳои давлатӣ машғул мебошад, ки бо тарифи хеле поин аз тарифи ҷаҳонӣ қиматгузорӣ мешаванд. Гузашта аз ин аксари шабакаҳои давлатӣ ҳатто ин маблағи камро ҳам пардохт намекунанд. Дар асоси тиҷорӣ роҳ додани шабакаҳои хусусӣ ва хориҷӣ ба фазои итилоотии кишвар метавонист, як андоза мушкили иқтисодии "Тоҷиктелерадиоком"-ро дар мавриди таҷдиди пойгоҳи техникии он ҳал намояд. Аммо ниҳодҳои масъули кишвар бо эҷоди монеъаҳо намегузоранд, ки дар кишвар бозори озоди иттилоот ва комуникатсияҳо вуҷуд дошта бошад.

XS
SM
MD
LG