Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯҳлати ҳузури Милали Муттаҳид дар сохтмони сулҳи Тоҷикистон як соли дигар дароз карда шуд



Хоҷа Мирзода

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон тасмим гирифт, ки мӯҳлати фаъолияти Намояндагии созмонро дар таҳкими сулҳи Тоҷикистон то моҳи майи соли 2001 муқаррар кард. Ба ин тартиб зарурати кӯмакҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба сулҳи Тоҷикистон бори дигар таъкид карда шуд.



Рӯзи чаҳоршанбе Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон ба Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид муроҷиат карда, дархост намуд, ки мӯҳлати кори Намояндагии СММ дар таҳкими сулҳи Тоҷикистон барои як соли дигар тамдид карда шавад. Ҳамзамон Дабири кулл аз кишварҳои мададрасони Тоҷикистон дархост намуд, ширкати худро дар раванди пойдор сохтани сулҳ дар Тоҷикистон густариш диҳанд. Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими сулҳи Тоҷикистон ва эҳёи баъдиҷангии он баъди поёни кори миссияи нозирони ҳарбии Милали Муттаҳид моҳи майи соли 2000 таъсис ёфта буд. Баёнияи Кофӣ Аннон замоне нашр шуд, ки раҳбари ин идора, дипломати булғор Иво Петров озими Токио гаштааст, то дар нишасти кишварҳои мададрасони Тоҷикистон бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур дошта бошад.

XS
SM
MD
LG