Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Спартакиадаи умумиҷумҳурии Тоҷикистон 1500 варзишгар аз сартосари кишвар қувваозмоӣ кард



Тоҳири Сафар

Мақсад аз баргузории ин мусобиқа ҷалби таваҷҷӯҳ ба варзиш ва изҳори ташвиш аз нобарориҳои солҳои охири варзишгарони мамлакат буд, мегӯянд масъулони Кумитаи варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар шаҳри Душанбе нахустин Спартакиадаи умумиҷумҳурӣ ба анҷом расид, ки дар он якуним ҳазор варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат кард. Тайи қариб даҳ соли ахир дар кишвар чунин як сабқати бонуфуз баргузор нагашта буд. Мусобиқа дар се марҳила сурат гирифт ва қариб ҳашт моҳ идома ёфт. Вазъи бӯҳронии варзиши Тоҷикистон ва ҳунарнамоии бебарори варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои олимпии Сиднейи Австралия сохторҳои марбутаро водор сохтааст, ки ин спратакиадаро баргузор намоянд ва ба ин васила варзиши кишварро эҳё кунанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ ёвари раиси кумитаи варзиши Тоҷикистон Мирзосафар Шамсиддинов роҷеъ ба ҳадафҳои мусобиқаҳо гуфт, озмуни мазкур аз он ҷиҳат муҳим буд, ки тавонист варзишгарони тамоми қаламрави Тоҷикистонро гирд оварад. Дар марҳилаи ниҳоии сабқат, ки 14 рӯз идома ёфт, варзишгарон аз рӯи 13 намоиш: 5 навъи гуштин, волейбол, баскетбол, тейквондо, варзиши вазнин ва сабук бо ҳам нерӯозмоӣ карданд. Ҷаноби Шамсиддинов мегӯяд, гарчӣ дар рақобатҳо варзишгарон ягон рекорд нишон надоданд, ҳунарнамоии онҳо назар ба солҳои пешин хубтар буд. Аз рӯи ҷамбасти умумӣ миёни вилоятҳо ҷои аввал насиби варзишгарони шаҳри Душанбе гардид, мақоми дуюмро намояндагони вилояти Суғд соҳиб гаштанд ва варзишгарони Бадахшон тавонистанд ба зинаи сеюми мусобиқа бароянд. Миёни навоҳии кишвар варзишгарони ноҳияи Кофарниҳон ғолиби Спартакиада ва соҳиби ҷоизаи аввал гаштанд. Чаро парчами Тоҷикистон, ки солҳои пешин қариб 25 нафар қаҳрамонони ҷаҳон ва устодони варзиши Аврупоро ба воя расонидааст имрӯз кам андар кам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ афрохта мешавад? Барои чӣ беҳтарин устодон ва тренерони тоҷик ба дигар мамолики ҷаҳон аз қабили Эрону Чехия, Полша, Руминия, Русия ва Ӯзбакистон хидмат мекунанд. Мирзосафар Шамсиддинов мегӯяд, рушд накардани риштаи варзиши Тоҷикистон аз маблағгузории нокофӣ сарчашма мегирад. Коҳиши теъдоди варзишгарони боистеъдод дар Тоҷикистон ба беэътибории ҳукумат нисбати варзиш робита дорад. Ҷаноби Шамсиддинов ҳамчунин гуфт, мутахассисиони кумитаи вариши Тоҷикистон дурнамои рушди варзиши кишварро барои соли 2001-2005-ум омода карда, ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Ҳамчунин таҳия консепсияи миллии рушди варзиш дар Тоҷикистон идома дорад.

XS
SM
MD
LG