Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Ӯзбакистон чопи рӯзномаи тоҷикии "Оина"-ро манъ карданд



Мирасрори Фарғонӣ

Идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд фармон дод, ки чопи нашрияи фарҳангии тоҷикони Ӯзбакистон "Оина" қатъ гардида, суратҳисоби банкии он ҳабс карда шавад. Ин фармон эътирози кормандони рӯзнома ва рӯшанфикрони Самарқандро ба вуҷуд овард.

Садорати таъбу нашри ҳукумати вилояти Самарқанд нашри рӯзномаи тоҷикии "Оина"-ро, ки моҳе ду бор интишор меёфт, қатъ намуд. Рӯзномаи "Оина" дар моҳи августи соли 2000-ум сабти ном шуда, то басташавӣ 15 шумораи он ба дасти муштариён расидааст. Ба гуфтаи сардабири "Оина" Раҳим Мавлонӣ рӯзнома 3 ҳазор муштарӣ ва дар суратҳисоби худ 250 ҳазор сум пул дорад, ки бо ин маблағ метавонист, то охири сол арзи ҳастӣ намояд. Бо эътироз аз ҳукми мақомоти вилоятӣ, Раҳим Мавлонӣ меафзояд, ки дар саҳифаҳои "Оина" бештар ҳаёти фарҳангии тоҷикони Самарқанду Бухоро ва як қатор вилоятҳои ҳамсоя инъикос мешуданд. Ба гуфтаи ӯ ҳукуматдорон аввал кӯшиш карданд, муассисони нашрияро ба қатъи маблағгузорӣ маҷбур кунанд. Таноҳ як муассис аз нашри рӯзнома даст кашид. Сипас, фармони мазкур баромад. Шоири номвар Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз он изҳори таассуф намуд, ки бо баста шудани рӯзномаи "Оина" боз як чашмаи нури маърифат ва фарҳанги тоҷик дар Самарқанд хушконида шуд. Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар робита ба басташавии рӯзнома гуфт, ки мақомоти давлат аз ҳар як мақолаи рӯзнома нуқсон ҷустааст ва онро зидди сиёсати кунунии кишвар номидааст. Ба гуфтаи Ҳаёт Неъмат ягон эроди ҳаёти комиссия асоснок намебошад ва ғайр аз тӯҳмат ҳеҷ чизи дигар нест. Ӯ таъкид кард, ки бастани рӯзнома ба касе манфиат намеоварад ва баръакс боиси сар задани норозигиҳо бар миёни рӯшанфикрони тоҷики муқими Самарқанд хоҳад шуд. Ходимон "Оина" сайъу талош менамоянд, ки рӯзнома аз нав чоп шавад. Аз ин рӯ онҳо дастаҷамъона ба мақомоти болоӣ ва ҳатто ба раиси ҷумҳури Ӯзбакистон муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG