Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масирҳои бурида"-и дипломатияи минтақавии Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Дар рӯзҳои иди нимасраи робитаҳои дипломатии дӯстонаи Чин ва Покистон Тоҷикистон ҷӯёи таҳкими равобит бо рақиби онҳо--Ҳиндустон шудааст. Агар дар дипломатия тасодуфҳо вуҷуд дошта бошанд, ин як тасодуф аст. Вагарна...



Сарвазири Чин Жу Ронг Ҷӣ рӯзи ҷумъа сафари 12-рӯзаи худро ба панҷ давлати Осиёи Ҷанубӣ оғоз мекунад, ки дар ҷараёни он асосан ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Чин ва давлатҳое чун Покистон, Непол, Малдив, Шри Лонка ва Тайилонд диққат дода мешавад. Дар ин риштасафар дидорҳои Жу Ронг Ҷӣ дар Покистон аҳамияти ҷиддӣ хоҳанд дошт ва вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, сафари мазкур ба 50-солагии робитаҳои дипломатии Пекину Исломобод бахшида шудааст. Ду кишвар асосан дар заминаи мухолифати таърихии худ бо ҳамсояи сеюм--Ҳиндустон ба ҳам наздик шуда, ҳамеша ба манфиатҳои ҳамдигар садоқат нишон додаанд. Аз ин нигоҳ сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҳиндустон дар рӯзҳои 50солагии равобити байниҳамии рақибони Деҳлӣ баёнгари он аст, ки мушовирони сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои сафари президент Раҳмонов ба Ҳиндустон фурсати бисёр номуносибро интихоб кардаанд. Хоса ки баъдан Чин меҳмондори нишасти Панҷгонаи Шанхай хоҳад буд, ки Тоҷикистон низ дар он ширкат хоҳад кард. Ва таври маълум Покистон дархост кардааст, ба ин форуми байнулмилалӣ узв шавад ва ҳам Тоҷикистон ягона кишвари панҷгона буд, ки ба дархостномаи Исломобод шадидан еътироз кард ва гуфт, Покистон бояд ба ниҳоди Шанхай роҳ дода нашавад. Дар алоҳидагӣ ин воқеъаҳо шояд нақши бузург надошта бошанд, аммо вақте онҳо бо ҳам зам карда мешаванд, имкон дорад, мавқеъи Тоҷикистон аз тарафи қудратҳои муҳими минтақа нодуруст ва бар зарари Душанбе маънидод шавад. Сухангӯйи вазорати корҳои берунаи Чин гуфт, миёни Пекин ва Исломобод ҳамкории наздик, ҳамдигарфаҳмии амиқ ва дар риштаи низомӣ робитаи хеле хуб вуҷуд дорад. Вай изофа намуд, ки ҳамкориҳои ҳарбии ду кишвар дар чаҳорчӯби қарордодҳои байнулмилал ҷараён мегиранд ва ин зоҳиран ишора ба он аст, ки давлатҳои Ғарб Чинро дар эҷоди силоҳи ҳаставии Покистон масъул дониста, инро хилофи созишномаи густариш надодани фанновариҳои ҳаставӣ меноманд. Ин сухангӯ афзуд, Чин дар бунёди нирӯгоҳи ҳаставии Чашмаи Покистон ширкат кардааст ва ин сохтмон пурра таҳти назорати Бунгоҳи Байнулмилалии Инержии Ҳаставӣ ҷараён гирифта буд. Покистон аз сафари сарвазири Чин интизориҳои густарда дорад ва мегӯяд, ба ин муносибат на танҳо вазъи минтақа баррасӣ шуда, созишномаи чандинмиллиондоллараи сохтмони лӯлаи нафт аз Карочи то Мӯлтон ба имзо мерасад, балки самтҳои ҳамкории Чину Покистон барои садаи 21 тарҳрезӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG