Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон минагузории марзи худро бо Тоҷикистон зиёд хоҳад кард



Мирзои Салимпур

Мақомоти марзбонии Ӯзбакистон ҷониби Тоҷикистонро огоҳ намуданд, ки манотиқи бо навоҳии Исфара, Конибодом ва Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи Ӯзбакистонро аз сӯи вилояти Қӯқанд минагузорӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин, ки маинагузорӣ дар марзи Ӯзбакистон бо Тоҷикистон тақрибан як сол боз идома дорад ва мақомоти Ӯзбакистон нахустин бор ҷониби Тоҷикистонро аз чунин тасмим пешакӣ огоҳ мекунад.

Минакории иловагии марзи Ӯзбакистон бо Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон ба думболи сафари расмии Ислом Каримов, раиҷумҳури Узбакистон ба Русия ба як андоза наздик шудани мавқеи сиёсии Тошканду Макав бо мусоидат ва миёнҷигарии Русия, беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистонро тахмин мезананд. Қосимшоҳ Искандаров раиси Маркази ихтилофшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ихтилофоти зиёде, ки дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҷамъ шудаанд шояд аз ин ба баъд бо кӯмаки Русия бартараф карда шаванд. Исмоил Раҳматов, коршиноси дигари тоҷик меафзояд, ҳодисаҳои ду соли гузашта ва хатари ҳамлаҳои навбатии ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон мақомоти ҳукумати Ӯзбакистонро ба наздикшавӣ бо Русия таҳрик додааст. Исмоил Раҳматов миёнҷигарии Русияро дар байни Тоҷикистону Ӯзбакистон муҳим ва созанда мешуморад. Аммо ба назари ӯ беҳтар мешуд, агар Тошканду Душанбе мушкилоти худро бидуни миёнаравҳо мустақилона ҳал намоянд. Сиёсатшинос Сӯҳроб Шарифов бар ин ишора мекунад, ки қабл аз дидор бо Ислом Каримов Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот карда буд ва ғолибан дар ҷараёни он мавқеи муштараки Тоҷикистону Русия дар муносибат бо режими Ислом Каримов матраҳ шудааст. Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, мақомоти Тошканд раҳандозии муносибатҳои дуҷонибаро ба ширкат дар созмонҳову форумҳои дастаҷамъӣ аввалият медиҳад. Аммо ба назари ӯ бе ширкати Ӯзбакистон ҳеҷ як созмони амниятии минтақавӣ самари фарогир нахоҳад дошт. Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки тиҷорати миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон соли 1999 ба 450 миллион доллар баробар шуда буд, соли гузашта то 275 миллион доллар поин омад. Натиҷаҳои се моҳи аввали соли ҷорӣ ба боз ҳам поин рафтани муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон далолат менамоянд. Ба ақидаи Исмоил Раҳматов сардии муносибатҳои миёни Тошканду Душанбе аз омилҳои асосии коҳиши муносибатҳои миёни ин кишварҳо маҳсуб мешавад. Ҳол он ки ифротгароӣ, терроризми байналмилалӣ, ихтилофҳои марзӣ, мушкили тақсими об, қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои байнидавлатӣ аз шумули масъалаҳое мебошанд, ки ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа тавони мустақилона ҳал кардани онҳоро надорад.

XS
SM
MD
LG