Пайвандҳои дастрасӣ

Нуктаи пинҳони сафари Ислом Каримов ба Маскав аз дидгоҳи матбуоти Русия



Салими Аюбзод

Рӯзномаҳои чопи Маскав аз таъсири эҳтимолии нармиш миёни Русия ва Ӯзбакистон ба вазъи минтақа ва тағйири нақшҳо дар саҳнаи сиёсии "бародари калонӣ" ва "хурдҳо" таҳлилҳои гуногун ба нашр расондаанд. Бархе аз тахмини муаллифҳо ба манзараи умумӣ рангубори нав медиҳад.





Се рӯз аз сафари маскавии президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов гузашта бошад ҳам, матбуоти Русия баррасии ҷузъиёт ва натиҷаҳои онро идома медиҳад ва ҳарчӣ бештар аҳамияти пасипардагии ин сафар аёнтар ҷилва дода мешавад. Русия зоҳиран хушҳол аст, ки ниҳоят ягона кишваре, ки дар аксари ҳолат бо он мухолифат мекард ва ошкоро рӯҳияи ғарбгароёна дошт, ба канори он бозгашт. Рӯзномаҳои расмӣ аз ин воқеъа истиқбол карда, боэҳтиёт савол мегузоранд, ки оё бозгашт ҷовидона аст ё муваққатӣ? Саволи дигари ҳамчунин эҳтиёткоронаи матбуоти Русия ин аст, ки оё Ислом Каримов ончи дилаш аз ин сафар мехост ба даст овард? Рӯзномаи "Московские новости" ҳамин чизи дилхоҳи раҳбари Ӯзбакистонро аз ҳамаи созишномаҳои имзошуда баландтар мегузорад ва ба ёд меорад, ки президенти як кишвари дигари Осиёи Миёна Имомалӣ Раҳмонов барои он шитобкорона ба Маскав сафар карда буд, то аз комёбии сафари Ислом Каримов пешгирӣ кунад. Барои Маскав ихтилофи Тошканду Душанбе мавриди ташвиш нест, зеро баракс ба пешрафти сиёсатҳои Русия дар минтақа мусойидат мекунад. Аммо вазъи амниятӣ масъалаест, ки барои ҳамаи тарафҳо муҳим мебошад, менависад, "Московские новости" ва илова мекунад, баъди бозгашти Раҳмонов аз Маскав гуфтугузоре ба миён омадааст, ки эҳтимолан таъсири баъзе фармондеҳони собиқ коста шуда, Мирзо Зиёев, ки Тошканд ӯро пуштибони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон мешуморад, ба истеъфо равад. Рӯзнома ин ҷиҳатро, ки оё ин барномаи Маскав аст ва ё Маскав онро маъқул донистааст, зери суол мегузорад. Вале агар нақшаи мазкур вуҷуд дошта бошад ва Маскав дар ҳақиқат тасмим гирифта бошад, ки ба мададрасонҳои исломиёни ӯзбак дар ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад, ин беҳтарин тӯҳфа аст ба муносибати сафари президент Каримов ба Маскав, менависад "Московские новости". Президент Каримов ҳангоми ҷамъбасти сафари худ, бо лабханд гуфт, ки "ин сафар баъзеҳоро ба ҳайрат хоҳад овард ва баъзеи дигарро зардаҷӯш" хоҳад кард. Дар Тоҷикистон сафари ҳамсояи худро ба назди "бародари калонӣ" бо ҳазорон чашму гӯш пайгирӣ карда бошанд ҳам, расман ягон вокунише ба ҷӯшидани зарда нишон надоданд. Аммо рӯзи сешанбе номаи раҳбарияти марзбонони Ӯзбакистонро, ки дар он гуфта шудааст, минагузории марз бо Тоҷикистон ба маротиб зиёд хоҳад шуд, ҳамчун аввалин нишонаи давраи нави муносибатҳои сеҷониба қабул карданд.

XS
SM
MD
LG