Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти вазирони умури хориҷии ЭКО дар шаҳри Душанбе



Сайидқосими Қиёмпур

Вазирони корҳои хориҷии Эрон, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва сафирони Туркия, Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳамкориҳоро дар риштаи нақлиёт, мухобира, гумрук ва молиёти гумрукӣ баррасӣ карданд.



Дар Душанбе, бо барномаи иборат аз 20 масъала, нишасти машваратии кишварҳои узви ЭКО--Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор гардид. Абдулраҳим Гувоҳӣ, дабири кулли ин созмони иқтисодӣ, ки соли 1977 таъсис ёфта ба он кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Покистон, Афғонистон Ирон ва Озарбойҷон шомиланд, гуфт, дар ин нишаст роҳҳои суръат бахшидан ба татбиқи асноде баррасӣ шуд, ки то ҳол тасвиб гардида буданд. Кишварҳои номбурда будиҷаи соли 2001-уми созмонро, иборат аз 2 миллион доллар тасдиқ карданд. Ҳамчунин якчанд соҳаҳое номбар шуд, ки шӯрои ЭКО густариши ҳамкорӣ дар онҳоро зарур мешуморад. Инҳо нақлиёту роҳ, мухобирот, гумрук ва молиёти гумрукӣ ва ғайра. Ширкат накардани Ӯзбакистон, Туркия, Қазоқистон ва Туркманистон дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ дар нишасти Душанбе аз ҷониби мизбонон хуш қабул карда нашуд. Дар кори шӯрои вазирони ЭКО вазирони умури хориҷии Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Бо пешниҳоди ҳайъати ҳукумати барканоршудаи Давлати Исломии Афғонистон вазъи ин кишвар ва роҳҳои кӯмак ба эҳёи иқтисодиёти он низ баррасӣ гардид.

XS
SM
MD
LG