Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии вазъи амниятии Осиёи Марказӣ дар гуфтугӯҳои расмии Русия ва Ӯзбакистон



Мирзонабии Холиқзод

Бозтоби сафари расмии президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ба Маскав, мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин, баррасии масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва пуштибониҳои сиёсию ҳарбӣ, муносибатҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон, вазъи Афғонистон дар саҳифаҳои матбуоти чопи Маскав.



Рӯзномаҳои Русия менависанд, сустиҳои Тошканд масъалаи таҳдиди тундгароёни исломии мусаллаҳ ба амнияти Узбакистон, тероризм ва бунёдгароии исломӣ мебошанд, ки президент Ислом Каримов зимни сафари серӯзаи худ ба Маскав бо президент Путин дар ин бора гуфтугӯ мекунад. "Время новостей", чопи Маскав, менависад, ин таҳдидро Тошканд на фақат аз берун ба таври рушан эҳсос мекунад.Ва он нуктае ки онро ба Маскав наздик сохтааст ин аст, ки Ӯзбакистон дар танҳоӣ наметавонад, таҳдиди мазкурро бартараф кунад. Қабл аз ташрифи Каримов сафари шитобкоронаи президент Раҳмонов ба Маскав нишон дод, ки Тоҷикистон низ дар баробари таҳдиде ки аз Афғонистон бо фаъол шудани амалиёти ҳарбии Толибон ба амнияти минтақа таҳдид мекунад ва ин ҳолат роҳро ба тундгароёни ӯзбак боз менамояд, дар андешааст. Аз сӯи дигар Русия ҳам дар баробари вазъи ташаннуҷзои марзи ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ бепарво нест. Ҳамин мавзӯъро рӯзномаи дигари чопи Маскав "Независимая газета" низ ишора намуда, мегуяд, ҳамлаи навбатӣ, вале густардаи ҷангиёни исломӣ ба минтақа дар тобистони соли равон сурат хоҳад гирифт.Аз ин рӯ Тошканд аз Маскав пуштибонии сиёсӣ ва ҳарбӣ мехоҳад. Хабаргузориҳо менависанд, мавзӯи дигари асосое ки байни президентҳои Русияю Ӯзбакистон мавриди гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт, масъалаи дар паҳлуи Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Панҷгонаи Шанхай ҷой гирифтани Ӯзбакистон мебошад. Зеро дар моҳи июн кишварҳои Панҷгона дар Чин масъалаи таъсиси як маркази зидди террориро баррасӣ хоҳанд кард. "Известия" менависад, Тошканд ба хотири таҳкими нирӯи дифоии хеш бо Маскав дар мавриди харидани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва муҳимоти дигари низомӣ аз Русия созишнома ба имзо хоҳад расонид. Баъзе коршиносон бар инанд ки Русия мисли инки дар Тоҷикистон ҳузури амалии низомӣ дорад, ба Ӯзбакистон низ мехоҳад, ҷузъу томи худро ворид созад. Назаре ҳам ҷой дорад ки сафари таъҷилии фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Русия генерал Квашнин ба Тошканд ва хабари ӯ дар мавриди ҳамлаи навбатии ҷангиёни ӯзбак аз чаҳорсамти Осиёи Марказӣ, афзоиши таҳдиди рӯзафзуни Толибон ба амнияти минтақа Ислом Каримовро ба ҳузури низомии Русия дар Ӯзбакистон водор намояд. "Парламентская газета", рӯзномаи дигари Маскав, таъкид мекунад, Путин дар ивази ҳавопаймоҳои арзони худ аз Каримов пахта мепурсад. Замоне ки Путин нахуствазири Русия буд дар ҷараёни сафараш ба Тошканд ин мавзӯъро баррасӣ намуда буд. Дар соли 2001ум ҳамкории тиҷоратии Русияю Ӯзбакистон ба таври назаррас боло рафта, махсусан, гардиши мол ба 1 млрду 300 млн доллари Амрико расид. Тошканду Маскав ҳамчунин дар назар доранд ки дар риштаи нафту газ ҳамкориҳои дутарафаро равнақ диҳанд. Президент Путин бештар хоҳони аз роҳи Ӯзбакистон ба Русия кашидани лӯлаи гази Ишқобод мебошад. Ва аммо рузномаҳо менависанд истиқболи ҳукумати Русия аз президент Ислом Каримов, ки бо ҳамаи назокатҳои меҳмоннавозии расмӣ сурат гирифт, тааҷҷубангез буд. Аммо дипломатҳои Русия зуд ба зермаънои он сарфаҳм рафтанд, ки ба хотири беҳбуди робитаҳо ба чунин иқдоми истисноӣ мешавад, гом бардошт. Аммо мавзӯи инки муносибати гарми Маскаву Тошканд то кадом ҳад дар робитаи байни Ӯзбакистону Тоҷикистон ва Тоҷикистону Русия таъсири мусбат ё манфӣ метавонад гузорад, феълан як суоли беҷавоб хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG