Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи Умумиҷаҳонии Озодии Матбуот дар Душанбе



Сайидқосими Қиёмпур

То имрӯз дар Тоҷикистон озодии матбуот пурра риоя намешавад. Хабарнигорон дар қайди худсензураанд ва рӯзномаҳо ба мушкилоти муҳими кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Қайд гардид дар як сӯҳбати мизи мудаввар дар Душанбе, ки бо ибтикори Иттиҳоди рӯзноманигарони Тоҷикистон ва Комисиюни Миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО рӯзи 3-юми май баргузор шуд.



Лола Додихудоева дабири кулли комиссиюни умури ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, иброз дошт, имрӯз Тоҷикистонро наметавон ба қатори кишварҳое шомил кард, ки он ҷо озодии матбуот риоя мешавад ва расонаҳои хабарии мустақил бидуни монеа нашр мегарданд. Дар ин нишаст қайд гардид, то имрӯз дар аксари рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар масъалаҳои ҷиддӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор намегиранд. Дар саҳифаҳои матбуоти давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон ахбори кӯҳна, маводи марбут ба муноқишаҳои оилавӣ, ситоиши афроди алоҳида нашр мешаванд. Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ, рӯзноманигори маъруфи тоҷик иброз дошт, феълан фақат рӯзномаи "Бизнес ва Политика" ба таҳлили вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар даст мезанаду халос. Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии нашрияҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, набудани мақолаву гузоришҳои таҳлилӣ дар рӯзномаҳо чанд сабаб дорад, ки яке аз онҳо коҳиш ёфтани сатҳи рӯзноманигорони ботаҷриба, сабабҳои дигар худсензураи хабарнигорон ва маоши паст дар нашрияҳои давлативу ғайридавлатист. Қайд гардид, имрӯз фақат се нашрия, рӯзномаҳои "Азия Плюс", "Вечерний Душанбе" ва "Бизнес ва Политика" нисбатан ҷавобгӯи тақозои аёманд ва аз ин рӯ таваҷҷӯҳ ба онҳо вақтҳои ахир хеле боло рафт. Аҳли нишаст изҳори нигаронӣ кард, ки то имрӯз ягон нашрия ҳамарӯза чоп намешавад. Гуфта шуд, ҳарчанд дар Тоҷикистон куштор ва латукӯби рӯзноманигарон кам шудааст, таъқибу фишор то болои онҳо идома дорад. Мухтор Боқизода раиси Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон гуфт, фақат аз оғози сол то имрӯз чандин факти фишор рӯи хабарнигорон қайд гардидаанд. Хабарнигори телевизиони тоҷик, доктори илми ихтисос Савлатшоҳи Ховалӣ фақат ба хотири таҳияи намоиш дар бораи проблемаҳои кӯли Сарез аз кор хориҷ шуд. Корманди телевизиони тоҷик Роксана Саркисян бо амри роҳбарони шаҳр ин ширкати телевизиониро тарк намуд. Мухтор Боқизода ҳамчунин гуфт, нашриёти "Шарқи Озод", ки тобеи дафтари раиси ҷумҳур аст барои чопи рӯзномаҳои мустақил ва оппозитсиёнӣ нархи бузургтареро муқаррар намуд ва дар натиҷа нашри рӯзномаҳои "Мизон", "Истиқлол", "Ҷунбиш" боздошта шуд ва рӯзномаи "Наҷот" маҷбур аст, дар ҳоли нимлегалӣ нашр бигардад. Аҳли нишаст ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳатто нашрияҳои давлатӣ дар сар то сари кишвар паҳн намегарданд. Онҳо аз ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо карданд, ки то аз худкомагии ширкати "Почтаи Тоҷикистон", ки 72 дар сади маблағи обунаро ба рӯзномаву маҷаллаҳо аз худ мекунад, баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG