Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи баландпояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон омад



Соҷидаи Мирзо

"Мо барои он ба Тоҷикистон омадем, то сигнали дақиқ диҳем, ки дар ин кишвар масоили ҳалношуда дар соҳаи демократия ва амният мавҷуд аст."



Раиси ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Адриан Северин 29 апрел сафари серузаеро дар Тоҷикистон шуруъ кард. Ҷаноби Северин дар фурудгоҳи пойтахӣт ба хабарнигорон гуфт, ки сафари худро барои муносибати созмон бо ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳодисаи муҳим арзёбӣ мекунад. Дар тули 9 соли узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, бори аввал аст, ки раҳбари Ассамблеяи Парлумонӣ сафареро дар ин кишвар анҷом медиҳад. Ҷаноби Северин ҳамчунин изҳор дошт, мо барои он ба Тоҷикистон омадем, то сигнали дақиқ диҳем, ки дар ин кишвар масоили ҳалношуда дар соҳаи демократия ва амният мавҷуд аст. Дар ҷараёни мулоқот Адриан Северин бо мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ мулоқот хоҳад кард. Танҳо баъди ин у ба равандҳои мавҷуд дар кишвар баҳо хоҳад дод. Рузи Сешанбе нишасти матбуотии Адриан Северин бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ барномарезӣ шудааст.





XS
SM
MD
LG