Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яҳудиёни Бухоро дар Ню Йорк



Никола Крацев

Дар нимаи солҳои ҳаштодум бо бозшавии марзҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷи бузурги яҳудиёни бухорӣ вориди шарҳи Ню Йорк гардид.

Нахустин яҳудиҳои Бухорӣ ҳанӯз дар авоили қарни бист ба Иёлоти Муттаҳида кӯч баста буданд, вале муҳоҷирати бузурги онҳо ба Амрико солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист шурӯъ шуд. Дар нимаи солҳои ҳаштодум бо бозшавии марзҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷи бузурги яҳудиёни бухорӣ вориди шарҳи Ню Йорк гардид. Теъдоди умумии яҳудиён бухорӣ, яъне яҳудиҳои тоҷикзабон дар ҷаҳон 300 ҳазор тахмин мешавад. Рафаэл Некталов, муҳаррири нашрияҳои яҳудии Ню Йорк мегӯяд, ки баъди Исроил дуввумин макони зисти бахши бузурги яҳудиёни бухорӣ шаҳри Ню Йорк аст. Аксари онҳо дар солҳои навадум аз Тоҷикитосну Ӯзбакистон ва дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ҳиҷрат кардаанд. Глория Блументал, мудири иттиҳодияи Амрикоиҳои нави Ню Йорк, ташкилоте, ки ба яҳудиёни собиқ шӯравӣ барои ба роҳ мондани зиндагӣ дар Ню Йорк кӯмак мекунад, мегӯяд, таҷрибаи зиндагӣ аксари яҳудиёни бухориро мардуми забондон сохтаст: "Ин маданияти сезабона ва ҳатто чаҳорзанбона аст, зеро хонаводаҳои онҳо ба забонҳои англисӣ, ҳибру, лаҳҷаи бухорӣ ва забони русӣ сӯҳбат мекунанд."

Некталов, ки худ яҳудии бухорӣ аст, мегӯяд, яҳудиёни бухорӣ аз яҳудиёне, ки аз қисматҳои дигари собиқ Шӯравӣ омадаанд, бо баъзе анъанаву суннатҳо фарқ доранд. Яудиёни тоҷикзабон маъмулан пайвандҳои хонаводагиву хешутаборӣ ва қавмиро нигоҳ доштаанд: "Барои мо яҳудӣ будан масъалаи аввалдараҷа ва хеле муҳим аст. Дар мо теъдоди издивоҷҳои омехта хеле кам аст. Ҷамъияти мо якранг аст: яҳудӣ бо яҳудӣ издивоҷ мекунад, дар ҳоле, ки яҳудиёни рус маъмулан зуд бо қавмҳои дигар омехта мешаванд."

Глория Блументал мегӯяд, ки яҳудиёни тоҷикзабон анъанаҳои худро ҳифз кардаанд ва маросими ёдбуди хешовандони фавтида яке аз чунин расму оинҳост. Дар ин маросим аҳли оилаву хешу таборон ҷамъ меоянд. Яҳудиёни бухорӣ шеъру мусиқӣ ва рақсҳои қадимии худро зинда нигоҳ медоранд. Хӯрокҳои миллии яҳудиро метавон дар ресторанҳои минтақаҳои яҳудинишини Ню Йорк ба таври фаровон мушоҳида кард. Ҷаноби Некталов мегӯяд: "Агар шумо ба минтақаи Куини Ню Йорк сафар кунед, мебинед, ки тамоми минтақа аз рестораноҳи яҳудӣ бо шашлику палав пур аст. Яҳудиёни Бухоро чеҳраи минтақаро тағйир додаанд.

Ҳунари дигаре, ки яҳудиёни бухорӣ ҳифз намудаанд, заргариву кафшдӯзӣ аст. Онҳо мегӯянд, ҳар кас бояд як ҳунари дастиро ёд гирад, чунин ҳунарманд ҳаргиз гурусна намемонад. Дар Ню Йорк яҳудиён синагог, яъне масҷиди яҳудӣ ва мактаб бунёд кардаанд. Пайвандҳои наздики хешутаборӣ ва ҳифзи суннатҳо ба ҷамъитяи яҳудиёни бухорӣ имкон додааст, ки ҳувияти худро дар кишварҳои хориҷӣ, дар миёни фарҳангҳои мухталиф нигоҳ доранд. Вале чунин садоқат ба анъанаҳо баъзан монеъи мутобиқшавии онҳо ба зиндагии амрико гардидааст. Давид Аминови 75 сола, яҳудии тоҷикзабони Ню Йорк мегӯяд, ман умедворам, ки яҳудиёни бухорӣ маданияти қадимии худро ба ҷаҳони пешрафта мувофиқ месозанд, то фарзандони дар Ғарб ба дунёомадаи яҳудиён низ битавонанд, бахше аз ин маданият шаванд.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG