Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои марзбони Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиш дода шуданд



Тоҳири Сафар

Аммо мақомоти ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва амалдорони давлати Тоҷикистон аз номбар кардани теъдоди нирӯҳои тозанафаси Русия, ки бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, худдорӣ мекунанд.



Нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон афзоиш дода шуданд. Аз Маскав ва чандин вилояти Русия бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Тоҷикистон сарбозу афсарони иловагӣ интиқол ёфтанд. Мақомоти ҳарбии Русия дар Тоҷикистон аз додани маълумот дар бораи теъдоди нирӯҳои тозанафас худдорӣ карда, танҳо зикр намуданд, ки "дар баробари эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар марз ва зиёд шудани ҳаҷми қочоқи маводи мухаддира", нирӯҳои нав дар қитъаҳои Панҷ ва Маскавии марзи Тоҷикистону Афғонистон мустақар мешаванд. Мақомоти давлати Тоҷикистон низ дар бораи чӣ андоза зиёд шудани нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон ба хабарнигорон маълумот намедиҳанд. Интиқоли нирӯҳои нави Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ як ҳафта баъди баёнияи раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Санкт-Петербург, ки гуфт ба қувваҳои нави ҳарбии Русия дар Тоҷикистон эҳтиёҷ нест, амалӣ гардид. Тибқи маълумоти дарёфтӣ шумораи умумии нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон ҳоло ба 11 300 нафар сарбозу афсар мерасад. Ва онҳо 90 дарсади марзро таҳти назорат дошта, даҳ дарсади марзро нирӯҳои Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон дидбонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG