Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайъати расмии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Тоҷикистон



Сайидқосими Қиёмпур

Ҷон Байелри, мушовири Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури кишварҳои собиқ шӯравӣ дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот ва гуфтушунид кард.



Дастгоҳи нави раҳбарии Америка сиёсати пешини ин кишварро дар баробари Тоҷикистон тағйир нахоҳад дод. Ҷон Байелри, фиристодаи вежаи Департаменти давлатии ИМА баъд аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки рӯзи 26 апрел баргузор шуд, дар сӯҳбат бо хабарнигорон ин нуктаро таъкид наму, ва гуфт, Америка аз ин ба баъд низ кӯмаку пуштибониро дар мавриди ҳифз ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон идома медиҳад. Ҷаноби Байелри афзуд, президент Ҷорҷ Буш, Котиби давлатӣ Колин Паувелл ва маъмурияти Амрико аз дастовардҳои Тоҷикистон дар мавриди демократиякунонии ҷомеа, ислоҳоти иқтисодӣ таҳкими нерӯҳои дифоии кишвар қаноатманданд. Ин дар ҳолест, ки ба кишвар ва минтақа бо таҳдиди тероризми байналмилалӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир рӯбарӯ мебошанд. Ҷаноби Байелри афзуд, ба парламенти Тоҷикистон шомил будани намояндагони ҳизби исломӣ як нишонаи демократия дар ин кишвар аст. Ӯ иброз дошт дар мулоқот бо раисҷумҳур мавзӯи кӯмак ба Тоҷикистонро низ матраҳ кард. Зимнан Амнрика аз он кишварҳоест, ки дар ҳолатҳои сангин ба Тоҷикистон дасти кӯмак дароз намудаанд. Соли гузашта Америка нахусти шуда ба офатрасидагони хушксолӣ дар Тоҷикистон озуқа фиристод. Тибқи итллои ахири Барномаи Ҷаҳонии Озуқа аз 51 ҳазор тонна маводи хӯрока, ки то имрӯз барои кӯмак ба зарадидагони хушксолии Тоҷикистон ҷамоварӣ шудааст чил дар садаш ҳиссаи Амарика аст. Дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ҷаноби Байелри иброз дошт, Америка тасмим гирифтааст, ба Тоҷикистон таҷҳизоти вижаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро бифиристад. Амрико ҳамчунин омодааст Тоҷикистонро бо системҳои қобили эътимоди мухобиротӣ таъмин бикунад. Ҷаноби Байли ба Э. Раҳмонов гуфт, дар ҷаласаи машваратии кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон, ки моҳи май дар Токио баргузор мешавад, Америка аз Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад кард. Дар мулоқоти президент Раҳмонов ва Ҷон Бейелри инчунин вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG