Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон дар гуфтушунид бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз пешрафти демократия сӯҳбат кард



Мирзои Салимпур

Аммо ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба Ян Кубиш Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз вазъи сиёсии кишвар ва адами озодии фаъолияти сиёсӣ шикоят карданд.



Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Ян Кубиш рӯзи 25 апрел ҳудуди ду соат бо Э. Раҳмонов раисҷумҳури Тоҷикистон сӯҳбати як ба як дошт. Дар паи он Ян Кубиш ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни гуфтугӯ тарафҳо мавзӯҳои равобити миёни САҲА ва Тоҷикистон, рафти иҷрои барномаҳои иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар ва ҳамчунин масоили амнияти минтақаро дар робита бо вазъи Афғонистон баррасӣ карданд. Ян Кубиш, ки қаблан ба ҳайси намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Тоҷикистон дар ин кишвар фаъолият мекард, афзуд, аз он муддате, ки ӯ Тоҷикистонро тарк гуфтааст, чанд сол мегузарад ва ин навбат ӯ таҳаввулоти ҷиддиеро дар ҳаёти дохилии кишвар мушоҳида мекунад. Дар мавриди мавқеъи САҲА ба фаъолияти ҳаракати исломии Ӯзбакистон Ян Кубиш изҳор дошт, ки ин созмон фаъолияти он аҳзоберо, ки мавқеи ифротӣ доранд, дастгирӣ намекунад. Ян Кубиш иброз дошт, ки чунин мулоқот бояд бо кишварҳои САҲА ҳар сари чанд вақт сурат бигирад ва дар ҷараёни баррасии вазъи ҳамкориҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв баъзан масоили мубрам ва мураккаби ҳалталаб низ бардошта мешавад. Ян Кубиш дар робита ба ин гуфт, феълан ӯ ба масоили қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо фақат назари раисҷумҳури Тоҷикистонро гирифтааст. Аммо барои ҳосил кардани тасавуроти дуруст ва обектив оиди вазъи феълии Тоҷикистон рӯзи 26 уми апрел мехоҳад бо намояндагони аҳзоби сиёсии мамлакат низ мулоқот кунад. Намояндагони аҳзоби мухолиф пинҳон намекунанд, ки дар ҷараёни ин мулоқот онҳо ҳатман мавзӯъи интихоботи мунтазираи се курсии вакилиро ба маҷлиси намояндагон дар баробари САҲА пеш хоҳанд гузошт ва ғолибан бештари сӯҳбати онҳо гирди монеаҳои сунъие сурат хоҳад гирифт, ки мақомоти расмии мамлакат ба муқобили фаъолиятҳои сиёсии аҳзоб ва созмонҳои кишвар эҷод мекунанд.

XS
SM
MD
LG