Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари намояндаи масъули Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Ҳайъати вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида баъди поёни дидору гуфтушунидҳо дар Тошканд ва Остона рӯзи чоршанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.



Фиристодаи вижаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Баерлӣ дар раъси як ҳайъати расмии ҳукумати Америка шоми чаҳоршанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Аз фурудгоҳ ҳайъати америкоӣ ба қасри ҳукумат роҳ гирифт ва дар ин ҷо Ҷон Баерлӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров гуфтушунид кард. "Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ақидаи муштарак доранд, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ҳарчӣ зудтари сиёсии низоъи Афғонистон даст ба фаъолияти ҷиддӣ зананд." Чунин будааст, хулосаи мулоқоти Ҷон Баерлӣ ва Талбак Назаров. Дар ҷараёни гуфтушунид фиристодаи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки дастгоҳи нави раҳбарии Америка сиёсати худро барои таҳкими равобити густарда бо Тоҷикистон идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG