Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди президенти Тоҷикистон аз Маскав дар рӯзномаҳои Русия



Холидаи Қодир

Боздиди президенти Тоҷикистон аз Маскав мавриди таваҷҷӯҳи ҳадди аққал се рӯзномаи Русия гардидааст. Ҳар се нашрия, Известия, Коммерсант ва Независимая Газета, вақти интихобшудаи сафари Имомалӣ Раҳмоновро мавриди суол қарор додаанд.

Боздиди президенти Тоҷикистон аз Маскав мавриди таваҷҷӯҳи ҳадди аққал се рӯзномаи Русия гардидааст. Ҳар се нашрия, Известия, Коммерсант ва Независимая Газета, вақти интихобшудаи сафари Имомалӣ Раҳмоновро мавриди суол қарор додаанд. Зоҳиран, хабарнигорони рус ба ин назаранд, ки Имомалӣ Раҳмонов боздиди ахири худро саросемавор дар арафаи сафари президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ба Маскав анҷом додааст. Каримов қарор аст, ки севвуми май ба Русия равад. НГ бо такя ба манобеъи номбарнашуда овардааст, ки ҳатто боздиди ахири президенти Тоҷикистон аз Маскав қаблан тарҳрезӣ нагардида буд ва ҷаноби Раҳмонов хостааст, ки қабл аз мулоқоти Путин ва Каримов, бо президенти Русия вохӯрад. Ба думболи ин гуфтаҳо, НГ мусоҳибаи хабарнигори худро бо Имомалӣ Раҳмонов ба табъ расонидаст, ки он асосан сӯҳбати умумӣ дар бораи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар бахши иқтисод ва амнияти минтақа мебошад. Президент Раҳмонов суоли хабарнигорро дар бораи зӯран аз маҳалле ба маҳалли дигар кӯчонида шудани тоҷикон дар баъзе манотиқи Ӯзбакистон, тақрибан беҷавоб гузоштааст. Сафари Раҳмонов ба Маскав аз ҷониби рӯзномаи Коммерсант чун орзуи кӯмаку дастгирӣ аз Русия барои худи президент ва ҳукумати ӯ арзёбӣ мешавад. Коммерсант мақолаи худро "Дархости кӯмак аз ҷониби Раҳмонов" унвон гузошта ва дар зери сарлавҳаи мақола зикр кардааст, ки "дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Русия бунёд мешавад".

Коммерсант бо такя ба манобеи мустақили номбарнашуда менависад: ҳадафи сафари президенти Тоҷикистон ин буд, ки вай раҳбарони Русияро итминон диҳад, ки дар Тоҷикистон алтернативаи беҳтаре ба Раҳмонов вуҷуд надорад ва маҳз Тоҷикистон беҳтарин иттифоқчии Русия дар минтақа мебошад. Коммерсант низ вақти боздиди ӯро аз Маскав бо назари шубҳа мебинад ва онро ба сафари Ислом Каримов робита медиҳад. Хабарнигори Коммерсант меафзояд, президенти Тоҷикитосн рӯзи якшанбе ва он ҳам шомгоҳ ба Маскав омад ва ин сафар расман эълон нагардид, магар раҳбарон чизе барои пинҳон кардан доранд?

Ба назари хабарнигори рус рӯзномаи мулоқоти Имомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин хеле умумӣ намудааст: ҳамкориҳо, вазъи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва омодагириҳо ба мулоқоти гурӯҳи Шанхай. Коммерсант менависад: президент Раҳмонов қабл аз бозгашт ба Душанбе ба хабарнигори Интерфакс гуфт, ки натиҷаи муҳимтарини сӯҳбати ӯ бо Владимир Путин мувофиқат дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбии Русия ва зиёд кардани теъдоди марзбонони рус дар сарҳадди тоҷику афғон мебошад. Сабаби ин гӯё нигарониҳо аз вазъи муташанниҷи Афғонистон ва хатар аз ҷониби толибон аст. Вале, ба назари рӯзномаи Коммерсант, барои президенти Тоҷикистон афзоиши теъдоди ҳарбиёни рус аслан барои ҳифзи ҳукумати худи президент муҳим мебошад.

Шояд бисёриҳо чунин назар доранд, ки ҳадафи сафари раҳбарони Тоҷикистон ба хориҷа асосан ба даст овардани кӯмаку дастгирӣ мебошад ва ин нуқтаи назар, зоҳиран, аз чашми раиси дастгоҳи президенти Русия Сергей Приходко низ дур намондааст. Ҷаноби Приходко дар нишасти матбуотии рӯзи душанбе изҳор дошт, ки дар мулоқоти дуҷониба Тоҷикистон ҳеҷ гуна дархосте накард. Баръакс, ин баҳси ҷиддӣ ва бомоҳият буд.

XS
SM
MD
LG