Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Қирғизистон иттилои ба ҷониби Узбакистон додани 200 гектар замини ноҳияи Сухро рад кард



Соҷидаи Мирзо

Гуруҳи намояндагони мардумӣ дар парлумони Қирғизистон ҳукумати кишварро ба созиши пинхонии табодули замин бо Узбакистон муттаҳам кард.



Нахуствазири Қирғизистон Қурбонбек Боқиев иттилои ба ҷониби Узбакистон додани 200 гектар замини ноҳияи Сухро рад кард. Шарҳи нахуствазир ба думболи даъвои гуруҳи намояндагони мардумӣ пахш шуд, ки ҳукумати кишварро ба фурухтани манофеъи миллӣ айбдор намуд. Маншаи даъво ёддошт ва ё меморандум миёни Узбакистон ва Қирғизистон аст, ки 26 феврал, дар ҷараёни сафари нахуствазири Узбакистон дар Бишкек имзо шуд. Тибқи меморандум ҷониби Қирғизистон уҳдадор шудааст, ки 200 гектар замини минтақаи Сухро ба Узбакистон медиҳад ва ба ивази он 200 гектар заминро аз вилояти Риштони Узбакистон мегирад. Намояндагони мардумӣ мегуянд, ки агар чунин созиш воқеъан вуҷуд дошта бошад, норозигии мардумро ба бор оварда сабабгори вуқуи амалҳои эътирозӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG