Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Равобити Тоҷикитон ва Русия



Холидаи Қодир

То имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар асоси беш аз 100 ҳуҷҷати ҳамкории дуҷониба пеш меравад, ки муҳимтарини ин ҳуҷҷатҳо зимни сафарҳои президент Раҳмонов ба Маскав дар солҳои 1993, 95, 98 ва 1999 ба имзо расидаанд. Имомалӣ Раҳмонов ҳузури нируҳои ҳарбии русро тазмини амнияти ҷумҳурӣ мешуморад.

Равобити дипломатӣ миёни кишварҳои мустақили Тоҷикитон ва Русия 8 уми апрели соли 1992 ба роҳ монда шуд. То имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар асоси беш аз 100 ҳуҷҷати ҳамкории дуҷониба пеш меравад, ки муҳимтарини ин ҳуҷҷатҳо зимни сафарҳои президент Раҳмонов ба Маскав дар солҳои 1993, 95, 98 ва 1999 ба имзо расидаанд.

Дар бахши сиёсӣ Тоҷикистон Русияро ҳамкори муҳимтарини стратегӣ меномад. Таҳлилгарони хориҷӣ ҳукумати Тоҷикистонро ҳукумати рӯ ба Русия арзёбӣ мекунанд ва ба нақши Русия дар сари кор омадани президент Раҳмонов ишора менамоянд.

Дар бахши тиҷорат низ Тоҷикитосн бо Русия додугирифти қобили мулоҳиза дорад. Ба сурати умум, беш аз ҳашт дар сади содироти ашёи Тоҷикитсон, ба Русия сурат мегирад. Ва ҷумҳурӣ қариб 14 дар сади амволи воридотии худро аз Русия мегирад. Тибқи маълумоти охирин, тиҷорати миёни ду кишвар соле ҳудуди 150 миллион долларро ташкил медиҳад. Русия аз Тоҷикистон асосан пахта, алюминий ва тамоку мехарад. Воридоти Тоҷикистон аз Русия асосан озуқа, маводи хоми бахши кишоварзӣ, масолеҳи кимиёвӣ, нафт, мошинолот ва васоили нақлиёт мебошад. Тибқи маълумоти солҳои 1998 99 қарзҳои Тоҷикистон аз Русия қариб 280 миллионро ташкил медиҳад. Бештар аз ҳама ҳамкориҳои Душанбеву Маскав дар бахши ҳарбӣ ҷалби таваҷҷӯҳ мекунанд. Умуман, Тоҷикистон баъзан чун пойгоҳи ҳарбии Русия, ё ба истилоҳ, ҷойи пойи Русия дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Русия дар Тоҷикистон дивизияи 201 уи худро мустақар кардааст, ки он ҳудуди 6 ҳазор сарбоз дорад. Хадамоти федералии марзбони ин кишвар ҳифзи сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистонро ба дӯш гирифтаанд. Маҷмӯъи нируҳои мусаллаҳи Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор тахмин мешавад. Моҳи феврал Думаи давлатии Русия қарордоди бунёди пойгоҳҳои низомии кишварашро дар Тоҷикистон тасвиб кард. Ин ҳуҷҷат аслан, соли апрели 1999 зимни боздиди расмии президент Раҳмонов аз Маскав имзо гардида буд. Ҳуҷҷати мазкур ҳузури дивизияи 201 умро дар Тоҷикистон қонунӣ мекунад. Дивизияи мазкур то хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикитсон дар соли 1997 ба ҳайси нируи посдори сулҳ фаъолият дошт. Имомалӣ Раҳмонов ҳузури нируҳои ҳарбии русро тазмини амнияти ҷумҳурӣ мешуморад.



XS
SM
MD
LG