Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Маскав



Салими Аюбзод

Вазъи Афғонистон ва масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар дидори райиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти Русия Владимир Путин дар Маскав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафари кории дурӯза якшанбеи 22юми апрел вориди Маскав шуд ва дар фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, "вазъият дар марз хеле мураккаб ва пуршиддат мебошад." Президент Раҳмонов гуфт, ки ҷунбиши Толибон ба ҳамлаҳои густардаи зидди иттиҳоди шимол омодагӣ мегирад, ки бояд дар даҳаи аввали моҳи май ба вуқӯъ пайвандад. Дар мулоқот бо президенти Русия ҳамин вазъият ва роҳҳои густариши ҳамкории Маскаву Душанбе дар ҷилвагирӣ аз террорисми байнулмилал, тундравии динӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуданд. Ба гуфтаи хабарнигорон аз рӯйи онки раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳ вазири саноат, илм ва фанновариҳои Русия Александр Дондуков пешвоз гирифт, дар дидору гуфтушунидҳои Раҳмонов бо мақомоти Русия ҳамкориҳои ҳарбию фаннӣ ва саноатӣ низ ҷойгоҳи вижа хоҳанд дошт. Чанде пеш ҷаноби Дондуков ба Душанбе сафари дурӯза анҷом дода буд, ки аз ҷузъиёташ маълумоти зиёд нашр нашудааст. Интерфакс дар ин робита аз гуфтаҳои сухангӯи палатаи болойии парламенти Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ёд кардааст, ки дар ҷараёни сафар ба Санкт-Петербург дар нимаҳои ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки Тоҷикистон барномаи сулҳи Аҳмадшоҳи Масъудро пуштибонӣ мекунад ва ин ягона роҳи ҳалли низоъ дар Афғонистон аст. Ҳеҷ масъала бо ҷанг ҳал нашудааст ва Тоҷикистон худ дар ҳалли осойиштаи низоъ намуна нишон дод, гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Санкт-Петербург. Вай Русияро омили асосии еътидоли вазъ дар Осиёи Марказӣ номид ва илова кард, ки барои таҳти назорат доштани авзоъ аз Русия сарбозу афсари иловагӣ на, балки силоҳу муҳимот ва таҷҳизоти фаннии ҷангӣ дархост мекунад. Бо нашри иттилоъ аз сафари Президент Раҳмонов ба Маскав хабаргузориҳои Русия ибораҳои зайлро сарлавҳаи хабар қарор доданд: "Раҳмонов барои ёрӣ пурсидан ба Маскав омад". Ин дар нашрияи ЛентаРу ва Миг-Нюс навишт, "Тоҷикистон бо таъзим ва илтиҷо аз Русия пуштибонӣ мехоҳад." Сафари райисҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав, тибқи хабарҳо ду рӯз идома меёбад ва интизор меравад, ки ҷаноби Раҳмонов инчунин бо сарвазири Русия Михаил Касиянов мулоқот хоҳад кард. Ба гуфтаи хабаргузориҳо Русия ба Тоҷикистон кӯмаки бепул карданӣ нест. Аз ҷумла Русия мехоҳад дар фурӯши алюмини тоҷик миёнарав бошад ва дар тавлиди нирӯи барқ саҳҳомӣ кунад. Ҳангоми баррасии ин мавзӯъ аз қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон ёд карда мешавад, ки бозгардони онҳо барои кишвари бӯҳронӣ мушкил мебошад.

XS
SM
MD
LG