Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи такрорӣ дар се ҳавзаи Маҷлиси Намояндагон бо танқиди Ҳизби Наҳзати Ислом рӯбарӯ шуд



Мирзои Салимпур

"Пешниҳоди номзадҳои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар интихоботи такрории вакилони Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 27 май дар се ҳавза баргузор мешавад бо мушкилоте рӯбарӯ шудааст, ки мақомоти расмии Тоҷикистон дар баробари онҳо эҷод мекунад."

Пешниҳоди номзадҳои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар интихоботи такрории вакилони Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 27 май дар се ҳавза баргузор мешавад бо мушкилоте рӯбарӯ шудааст, ки мақомоти расмии Тоҷикистон дар баробари онҳо эҷод мекунад. Муҳаммадалӣ Ҳаитов узви раёсати Ҳизби Наҳзати Ислом ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳизби Наҳзат дар ҳамроҳӣ бо Ҳизби Демократ дар интихоботи ду ҳавза мехоҳад иштирок намояд. Аммо бо вуҷуди ин, ки 20 апрел рӯзи ниҳоии пешниҳоди номзадҳо ба ин се мақоми ваколат дар Маҷлиси Намояндагон муаян шудааст, кӯшиши онҳо барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ин номзадҳо бенатиҷа мемонад. Аммо Муҳибулло Додоҷонов мудири котиботи комиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар се ҳавзаи озодшуда то рӯзи 20 апрел 8 номзад пешниҳод шудаанд. Муҳаммадалӣ Ҳаитов иброз дошт, аз рӯзи 11 апрел ба ин тараф намояндагони онҳо наметавонанд бо раиси комиссиюни интихоботии ҳавзаи Фрунзе вохӯранд. Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ҳаитов дар ҳавзаи Данғара ба номзади онҳо Сабзалӣ Шарипов инро баҳона мекунанд, ки созмони Ҳизби Наҳзати Ислом дар ин ноҳия сабтимом нашудааст дар ҳоле, ки ҳизб дар Вазорати Адлияи кишвар аллакай сабтимом шудааст ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тибқи қонуни аҳзоб набояд фаъолияти онро дар ягон минтақа маҳдуд намоянд. Муҳибулло Додоҷонов дар робита ба ин гуфт, воқеан намояндагони Ҳизби Наҳзати Ислом унвонии комиссиюни марказӣ шикоят кардаанд. Аммо масъалаи онҳо рӯзи 20 апрел бояд ба таври мусбат ҳал шавад ва ин интихоботи такрорӣ бояд тариқи алтернативӣ сурат бигирад. Аммо Муҳаммадалӣ Ҳаитов ба ҳаллӣ мусбати ин қазия бовар надорад ва мугӯяд. ҳукумати кишвар бо вуҷуди ин, ки аксарияти маҷлиси намояндагонро дар даст дорад, намегузорад дар палатаи поёнии парламон шумораи вакилони мухолифи он биафзояд. Ҷомиашинос Ғаюр Қаҳоров ба ин назар аст, ки ҳатто дар сурати пирӯзии мухолифин дар интихоботи такрории се ҳавза сурати умумии парламент чандон таъғир нахоҳад ёфт ва вакилони мухолиф дар муқобили аксарияти Халқӣ Демократии маҷлис истодагарӣ карда наметавонанд. Дар ҳамин ҳол тибқи охирин иттилое, ки аз раёсати ҳизби Наҳзати Ислом ба мо расид, намояндагони он рӯзи 20 апрел низ ба дидори раиси комиссиони ҳавзаи ноҳияи Фрунзеи пойтахт мувафақ шуда натавонистанд ва мушкили сабтином шудани Аслиддин Соҳибназаров ҳамоно моалақ мондааст. Муҳаммадалӣ Ҳаитов гуфт, онҳо намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар Тоҷикистонро дар ҷараён гузоштанд ва дар назиктарин фурсат унвонии комиссияи интихоботӣ низ номаи шикоятӣ хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG