Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон як гурӯҳ шаҳрвандони рондашуда аз Ӯзбакистонро қабул кард



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Бо вуҷуди пазируфта шудани 16 паноҳанда, ки асосан пиронсолон ва беморон мебошанд, сарнавишти 53 шаҳрванди ӯзбактабори собиқи Тоҷикистон, ки аз Ӯзбакистон ба таври зӯроварона ронда шудаанд, номаълум боқӣ мемонад.

Аз 53 шаҳрванди ӯзбактабори собиқи Тоҷикистон, ки дар солҳои 1989-92 ба Ӯзбакистон кӯчида буданду аввали моҳи марти соли равон аз тарафи мақомоти интизомии Ӯзбакистон ба таври зӯроварона ба марзи Тоҷикистон ронда шуданд, 16 нафарро Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки худ дод. Инҳо асосан афроди солхӯрда ва бемор мебошанд, ки дар чиҳил рӯзи зиндагӣ дар минтақаии мобайни марзҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон ба машаққати сахт рӯбарӯ гаштанд. Мақомоти Тоҷикистон барои паноҳандагони боқимонда дар марз ду хайма бино кард ва дар таъмини онҳо бо хӯрокворӣ кӯмак мекунад. Вале ба сурати умум мушкили ин паноҳандагон ҳалношуда боқӣ мемонад. Онҳо дар Тоҷикистон манзилҳои худро фурӯхтаанд ва имкони бо манзил таъмин кардани онҳо вуҷуд надорад. Мақомоти Ӯзбакистон манзил, киштзор ва молу ҳоли онҳоро мусодира намудаанд. Фарзандони баъзе аз онҳо дар Ӯзбакистон мондаанд ва ҳолати онҳо барои волидайн маълум нест. Мушкили мазкурро гуфтушуниди мақомоти ду давлат--Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳал карда метавонад, аммо аз эҳтимоли чунин музокира хабар дода намешавад.

XS
SM
MD
LG