Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи аввали ҷашни Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон бо иштироки олимони хориҷӣ



Тоҳири Сафар

Ҷаласаи иттиҳодияи байнулмилалии академияҳои улуми Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ин бор дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ба як бахши иди 50 солагии таъсиси Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон табдил ёфт, ки тайи се рӯз дар пойтахти кишвар идома хоҳад кард.

Ҷаласаи иттиҳодияи байнулмилалии академияҳои улуми Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ин бор дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ба як бахши иди 50 солагии таъсиси Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон табдил ёфт, ки тайи се рӯз дар пойтахти кишвар идома хоҳад кард. Соли 1951 аввалин гурӯҳи олимони тоҷик бо кӯмаки раҳбари вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Академияи Улуми Тоҷикистонро ташкил доданд ва адиби бузург Садриддини Айниро аз Самарқанд ба Душанбе кӯчонда аввалин президенти Академияи Илмии Тоҷикистон интихоб намуданд. То соли 1951ум анҷумани илмии Тоҷикистон таҳти унвони Шӯъбаи тоҷикистонии академии улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз аз соли 1932 фаъолият дошт. Тайи панҷоҳ сол Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, бо вуҷуди инки аз тарафи ҳукумат аксаран бо ҳадафҳои сиёсӣ мавриди сӯйиистифода қарор мегирифт ва мебоист илмро дар чаҳорчӯби назарияи марксистию Ленинӣ нигаҳ медошт, ба дастовардҳои муҳиме нойил гардид ва номи даҳҳо олими тоҷикро дар ҷаҳон машҳур гардонд.

XS
SM
MD
LG