Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

98 нафар дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон заҳролуд шуданд



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол

Бо сабаби камбуди маводи сӯхт имконияти интиқоли аксарияти беморон ба шифохона вуҷуд надорад. Вазъи иҷтимоии Ишкошим бисёр сангин мебошад.



Сокинони ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар асари истеъмоли рӯғани рустанӣ, ки аз хориҷ ба вилоят ворид карда шудааст, заҳролуд шуданд. Ба сурати умум 98 нафар бемор мебошад, аммо танҳо 9 нафари онҳо ба шифохона интиқол дода шуданд. Барои ба бемористон расонидани беморони боқимонда нақлиёт ва маводи сӯхт вуҷуд надорад. Тахмин меравад, ки фурӯшандаи рӯған барои ба даст овардани суди изофӣ ба рӯған моддаи дигар ҳамроҳ кардааст, ки дар натиҷа аҳолӣ аз истеъмоли он заҳролуд гаштааст. Вазъи зиндагӣ дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон бисёр сангин буда, мардҳо, ҳатто ба шумули собиқ раиси ҳукумати ноҳия барои мардикорӣ ба Русия рафтаанд. Дар айни замон Ишкошим ба бандари марзӣ табдил ёфтааст. Ҳар моҳ як бор марзбонони рус гузаргоҳи марзиро боз мекунанд ва ба тиҷорати наздимарзӣ иҷоза медиҳанд. Бо сабаби нархи баланди мавод дар Афғонистон бисёр молу мавод на дар Ишкошим, балки дар қаламрави Афғонистон ба фурӯш мераванд.

XS
SM
MD
LG