Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯйиқасди марговар ба ҷони Ҳабиб Сангинов, нойиби якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон



Сайидқосими Қиёмпур

Субҳи 11 апрел бар асари як амали террористӣ муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон генерал-майор Ҳабиб Сангинов, ронанда ва муҳофизони ӯ кушта шуданд.



Сӯйиқасд ба ҷони узви Комисиюни оштии миллӣ ва яке аз роҳбарони мухолифини тоҷик дар кӯчаи Спитамен воқеъ дар маҳаллаи Калинини Душанбе соати 7:50 дақиқаи субҳ рух дод. Чанд тан афроди мусаллаҳи то ҳол номаълум дар буттаҳои канори роҳ камин гирифта, сӯи мошини хизматии Ҳабиб Сангинов аз автомат оташ кушоданд. Тавре аз муоинаи ҷои ҳодиса ошкор гашт, қотилон аз ду тараф мошинро тирборон карданд. Кормандони милиса ва муфаттишон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, қотилон пеш аз тарк намудани ҷои ҳодиса Ҳабиб Сангиновро дубора ҳадафи тир қарор додаанд. Муфаттишон ҳамчунин иқрор намуданд, ки сӯиқасд пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд ва қариб ҳамаи тирҳои қотилон ба ҳадаф расиданд. Гуфта мешавад, аввалин шуда ба ҷои ҳодиса сокинони маҳалла омаданд. Онҳо ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, тирборони мошини хизматии Ҳабиб Сангинов чанд дақиқа идома кард ва ҳангоме, ки онҳо аз манзилҳо берун шуданд, даруни мошин ва дар дохили ҷӯйбор аллакай чанд ҷасад хобида буд. Сокинони кӯчаи Спитамин ҳамчунин изҳор намуданд, ки аввалин кормандони милиса нозирони роҳ ба ҷои воқеа баъди 20 дақиқа омаданд, ҳарчанд аз маҳали ҳодиса то шӯъбаи умури дохилаи маҳала ҳудуди 200 метр аст. Сокинони маҳалла ҳамчунин гуфтанд, хушбахтона дар ҳомон лаҳза одамони зиёд набуданд дар акси ҳол фоҷеа шояд хеле бузургтар мешуд. Наздикону пайвандони Ҳабиб Сангинов дар посух ба саволи оё аз ин қабл мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифта буд, гуфтанд, ки тирамоҳи соли гузашта дар манзили муовини аввали вазири умури дохила норинҷаке таркида буд ва аммо аз он ягон нафаре осеб надид. Имрӯз ошкор гашт, ки он ҳадафи таркиш кушторе будаст ва қотилони Ҳабиб Сангинов то имрӯз мавриди муносиб мепоиданд. Мақомоти Тоҷикистон воқеъаро чун амали террористӣ ба хотири муташаниҷ намудани вазъ дар кишвар ташреҳ карданд. Як манбаъ аз мақомоти амнияти Тоҷикистон ба мо гуфт, бидуни шубҳа ин сӯиқасд пешакӣ тарҳрезӣ шуда аҳдофи сиёсӣ дорад ва афзуд, ҳанӯз, ки тафтишот идома меёбад ва ӯ наметавонад фарзияҳоро дар ин бора ошкор бикунад. Вале аз манбаҳои дигари ғайрирасмӣ ба мо гуфтанд, имкон дорад, се фарзия мавриди баррасӣ қарор бигирад: Аввалан куштор ба хотири соҳиб шудан ба ин мансаб. Дуввум интиқоми собиқ размандагони мухолифин, ки аз маснаб гирифтани Ҳабиб Сангинов нороҳат буданд. Ва сеюм интиқоми афроде, ки аз атесттатсияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нагузаштаанд. Комиссиюни озмоиширо муовини аввали вазири дохила Ҳабиб Сангинов роҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG