Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳузури мусаллаҳони исломиро дар кишвари худ рад кард



Сайиди Сабоҳ

Вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар ҷараёни сафари расмияш ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳузури мусаллаҳони Ҳаркати исломии Ӯзбакистонро дар Тоҷикистон рад кард. Вай гуфт, ҳар хоҳишманд метавонад ба Тоҷикистон биёяд ва бо чашми худ бубинад, ки ҳеҷ гуна мусаллаҳони исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд надоранд.

Вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар ҷараёни сафари расмияш ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳузури мусаллаҳони Ҳаркати исломии Ӯзбакистонро дар Тоҷикистон рад кард. Вай гуфт, ҳар хоҳишманд метавонад ба Тоҷикистон биёяд ва бо чашми худ бубинад, ки ҳеҷ гуна мусаллаҳони исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Ин баёнияи Талбак Назаровро раиси кумитаи дифоъи парламенти Қирғизистон Исмоил Исҳоқов тасдиқ карда, гуфт, ба назари ӯ гузоришҳо аз ҳузури чандин ҳазор мусаллаҳи исломӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муболиға мебошанд.

XS
SM
MD
LG