Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паноҳандагони афғони муқими Душанбе аз қарори шаҳрдорӣ норозӣ мебошанд



Мирзои Салимпур

Шаҳрдории Душанбе мехоҳад, 6 ҳазор паноҳандаи афғонро аз пойтахти кишвар хориҷ намояд.

Паноҳандагони афғоне, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд аз тасмими ахири шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дар мавриди кӯчонидани онҳо аз шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ мекунанд. Муҳаммад Азиз, раиси Кумитаи паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон онҳоро аз чунин тасмим қаблан дар ҷараён нагузоштаанд ва афзуд, рӯзи 10 апрел намояндагони интихобии паноҳандагони афғон дар ин кумита ҷамъ омаданд ва қарор карданд, ки унвонии комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ва ҳукумати Тоҷикистон як номаи эътирозӣ пахш намоянд. Ба қавли мусоҳиби мо паноҳандагон то имрӯз намедонанд оё дар манотиқе, ки бояд ҷо ба ҷо карда шаванд, барои онҳо чӣ шароите муҳайё карданд. Инженер Муҳаммад Азиз иброз дошт дар навоҳии Ленину Ҳисор ва Шаҳри Нав, ки барои иқомати паноҳандагони афғон муқаррар шудаанд, барои қабули онҳо омодагие дида намешавад ва маълум нест, ки паноҳандагон дар кадом як қароргоҳи мушаххас ҷой дода мешаванд ё ҳукумат нақшаи дигаре дорад.

XS
SM
MD
LG