Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи ҷавонони гирифтори нашъамандӣ дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор нафар расидааст



Мирзои Салимпур

Вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ, бекорӣ, набудани муассисаҳои варзишию тафреҳӣ ва ноомодагии сохторҳои давлат ба ҳамлаи ҳероинӣ сабабҳои аслии афзойиши нашъамандӣ мебошанд. Дар як соли охир шумораи занону духтарони гирифтори маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе 6 баробар зиёд шудааст.

Дар нишасти "Ҷавонон ва нашъамандӣ", ки рӯзи шанбеи 7-уми апрел Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир ва созмони Табибони бидуни марз дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намуданд, зикр гардид, ки теъдоди ҷавонони мубталои афюну ҳероин дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор нафар расидааст. Муовини раиси ин оҷонсӣ Абдураҳим Каримов бонги хатар зад, ки агар пеши роҳи раванди номатлуб гирифта нашавад, Тоҷикистон ба талафоте рӯбарӯ хоҳад гашт, ки аз талафоти ҷанги шаҳрвандӣ ба маротиб бузургтар хоҳад буд. Сафол Мӯсоев, мудири бахши Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, дар ин нишаст гуфт, вазъи бади иҷтимоиву иқтисодӣ, бекории шумори зиёди ҷавонон ва осонии дастрасӣ ба маводи мухаддир сабаби густариши бемории нашъамандии ҷавонон шудаанд. Вай изофа кард, ки духтарони ҷавон ва занони тоҷик низ ба ин бемории марговар мубтало мешаванд. дар як соли охир шумораи занону духтарони гирифтори нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе 6 баробар афзойиш ёфтааст. Аскар Ҳаким, раиси иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва узви парламенти кишвар гуфт, нашъамандӣ ба бемории эҷодкорони ҷавон, фаҳли оилаи рӯшанфикрон низ табдил ёфта, бунёди ирсии миллатро аз байн мебарад. Яке аз сабабҳои душвор будани пешгирӣ аз густариши беморӣ, онгуна ки дар ин нишаст тазаккур ёфт, ин аст, ки сохторҳои марбути давлати Тоҷикистон ба ҳамлаи густардаи маводи мухаддир ноомодагӣ нишон доданд ва ҳоло ҳам барои ҷилавгирӣ аз ғарқ шудани мамлакат ба сияҳчоҳи нашъамандӣ кори ҷиддӣ пеш бурда намешавад. Дар рустои Тоҷикистон ҷавонон на танҳо аз ҷои кор, балки аз камтарин имкониятҳои варзишию тафреҳӣ маҳруманд. Дар даҳ соли охир теъдоди кинотеатру китобхона ва муассисаҳои фарҳангӣ дар рустои Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ кам шуд ва ҷавонон намедонанд, вақти истироҳати худро бо чӣ гузаронанд. Ширкаткунандагони нишаст изҳори умедворӣ карданд, ки дар мубориза зидди ҳамлаи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон ва Покистон меояд, тамоми ҷамъият муқовимати зарурӣ нишон хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG