Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати амнияти Тоҷикистон таркиши "Олами китоб"-ро амали террористӣ нашумурдааст



Сайидқосими Қиёмпур

Таркиш дар шаҳри Душанбе, ки баъди танаффуси қариб чаҳормоҳа бори дигар мардумро ба изтироб овард, саволҳои зиёди беҷавоб дар миён гузошт. Аммо мақомоти расмӣ дар посухи ин саволҳо шитоб надоранд.

Дар ҳоле ки то ҳанӯз сабабҳои таркиш дар фурӯшгоҳи "Олами китоб" расман эълон нашудаанд, сохторҳои интизомии Тоҷикистон аз амали террористӣ номидани он худдорӣ мекунанд. Намояндаи Вазорати амнияти Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ хабарҳоро, ки гӯё ин ниҳод таркишро амали террористӣ номидааст, рад намуд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, бо иштироки ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон гурӯҳи пажӯҳишӣ таъсис ёфтааст ва ҳарфи охирро ҳамин гурӯҳ хоҳад гуфт. Дар чунин фазои камбуди маълумоти расмӣ миёни аҳолии шаҳри Душанбе овозаҳое нашр мешаванд, ки гӯё тоҷирони муаффақи афғон ҳадафи ин амал қарор гирифтаанд. Бархи дигар бар он аст, ки мафияи тиҷоратӣ аз арзонии нархҳо дар ин фурӯшгоҳ норозӣ буда, бо ин роҳ харидоронро аз он дур кардан мехоҳад. Гурӯҳи сеюм ба ҳаққи моликияти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов ба ин бино ишора мекунанд. То ҳанӯз ҳатто шахсияти нафаре ки дар ин таркиш ба ҳалокат расид, бархилофи хабарҳои гузашта, танҳо як нафар кушта ва нӯҳ тан захмӣ шудаанд, муайян нашудааст. Ин аввалин таркиш буд дар қариб чаҳор моҳи гузашта, ки аз нав ба дили шаҳрвандони Тоҷикистон ташвишу изтироб ворид намуд.

XS
SM
MD
LG